КИТОБХОНАИ ДАВЛАТИИ БАЧАГОНАИ ҶУМХУРИЯВИИ БА НОМИ МИРСАИД МИРШАКАР


Хуш омадед ба боргоҳи маърифат

Хабар

Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” оғоз гардид

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи "Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" санаи 2 апрели соли 2023 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар маросими ифтитоҳи Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" баргузор шуд.

Фестивали имсола ба ифтихори 145-солагии мавлуди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.

Дар даромадгоҳи китобхона намоиши китобию матбуоти даврӣ, дастовардҳои илмию варзишии кӯдакону наврасон ва намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ ташкил карда шуда, меҳмонон аз он дидан намуданд.

Дар оғоз, аз ҷониби муҳассилини Мактаб - интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев гимни фестивал садо дод.

Сипас, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг Орифӣ Озар Баҳромзода суханронӣ карда, ҳозиринро бо ин ҷашни китоб табрику шодбош гуфта, вобаста ба ҳадафу мароми баргузории фестивал ибрози назар намуд.

Аз ҷумла қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузор намудани фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккули беҳтарин малакаҳои хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Ҳамзамон, котиби масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Махсумзод, адибони маъруф Азизи Азиз, Латофат Кенҷаева, Юсуф Аҳмадзод ва дигарон суханронӣ карда, вобаста ба китобу китобдӯстӣ ва суннатҳои неки китобдорӣ, рушди адабиёти бачагона ибрози андеша карданд. Аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ва ҳаваскорони Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон барномаи рангини консертӣ манзур гардид.

Фестивал тӯли як ҳафта дар шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор шуда, дар доираи он озмуни беҳтарин иншо дар мавзӯи "Тоҷикистон ватани Наврӯз аст", озмуни беҳтарин қироати шеър, достон, қасида, ғазал таҳти унвони "Ҷавҳари ҳастӣ сухан аст", озмуни "Хонандаи фаъолтарин", озмуни "Ҳунар беҳтар аз зар бувад", озмуни " Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд" ва маҳфилҳои эҷодии адибони бачагона сурат гирифта, дар охир ғолибону иштирокдорони фаъол бо диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мегарданд.

Ёдовар бояд шуд, ки фестивали мазкур санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҷамъбаст мегардад.


     

 

  3-4-уми марта соли 2023 
 Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон иттилоъ медихад, ки санаи 3-4 марти соли 2023 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи чумхуриявии ба номи Мирсаид Миршакар семинари чумхурияви дар мавзуи "Китоб махзани илму маърифат" бахшида ба баргузории Фестивали чумхуриявии "Хафтаи китоби кудакону наврасон" семинари чумхуриявии бо мудирон ва кормандони китохонахои ВМКБ, вилояти Сугду Хатлон, шахри Душанбе ва шахру нохияхои табеи чумхури баргузор мегардад.

                            _________________________________________________________________

Санаи 20-уми феврали соли 2023 дар толори китобхона бахшида ба ёдрўзи шоири зиндаёду накўном Ѓоиб Сафарзода мањфили адабї тањти унвони «Шоири миллат» мегардад.

______________________________________________________________________________

 

 9-АПРЕЛИ СОЛИ 2019 

Барои иштироки фаъолона дар Фестивали чумхуриявии «Хафтаи китоби кўдакону наврасони Точикистон» тахти унвони «Кашшофи падидањои наврас» 15 нафар бо нишони «Аълочии фарханги Чумхурии Точикистон», 1 нафарон бо «Ихорнома»-и бошорномати фархангимхурдии «Дурхангимхурдии » 90 -и Фестивали чумхуриявии «Хафтаи китоби кўдакону наврасони Точикистон» мукофотонида шуданд

 

 


  15-уми марти соли 2019 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон дар остонаи љашни фархундаи Наврўзи байналмилалї муаррифии китоби тозанашри «Донишномаи фарњанги мардуми тољик» (љилди 3), ки аз тарафи Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тољик чоп шудааст, баргузор гардид. Дар ин чорабинї кормандони китобхона иштирок намуданд.

 

 


Аз  китоби «Афсонањои халќи тољик»,  аз китоби Латофат Кенљаева «Садранга пуфак бањри Юсуфак» ва аз китоби  «Офтобак ва момохолак» бо иштироки хонадагони Муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ва боѓча-кўдакистонњо хониши баланд ва хониши ифоданок гузаронида шуд.
  Бахшида ба мавзўи  «Фестивал- тарѓибгари китоб» ва «Фестивал - кашшофи падидањо» ба хонандагони фаъоли китобхона  видеофилм намоиш дода шуд.

 

 


Рўзи 20- уми март бахшида ба Рўзи фарњанг ва љашни байналмилалии Наврўз кормандони китобхона дар њамкорї бо тарбиятгирандагони Филармонияи давлатии бачагонаи Тољикистон мањфили адабї тањти унвони « Наврўз расиду шоду » хуррам. Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ва як гуруњ адибон иштирок намуда, аз ќроати шеърњо ва раќсу суруди хубу љолиб як љањон мънї бардоштанд.

 

Иштирокчиёни фаъол бо туњфањо ва «Ифтихорнома»-и Китобхонаи давлатии бачагонаи љумњуриявї ба номи Мирсаид Миршакар ќадрдонї карда шуданд.

Инчунин, кормандони китобхона бо хонандагон барои бедор намудани завќи китобхонї ва њавасмандгардонии онњо ба китобхона чорабинињои зеринро баргузор намуданд:


15-уми марти соли 2019 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон дар остонаи љашни фархундаи Наврўзи байналмилалї муаррифии китоби тозанашри «Донишномаи фарњанги мардуми тољик»  (љилди 3), ки аз тарафи Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тољик чоп шудааст, баргузор гардид. Дар ин чорабинї кормандони китобхона иштирок намуданд.

 

 


    Рўзи 5- уми март бахшида ба Рўзи модарон мањфили адабї тањти унвони «Осмони пурљилоям модарам» баргузор гардид, ки басо хотирмон буд. 

 


     Рўзњои 27- 28 феврали соли равон дар толори китобхона Семинари љумњуриявии кормандони китобхонањои љумњурї дар мавзўи «Китоб- равшангари дилњо»-ро бахшида ба баргузории Фестивали љумњуриявии «Њафтаи китоби кўдакону наврасони Тољикистон» баргузор гардид, ки дар ин чорабинї олимони соњаи китобдорї, адибон, рўзноманигорон, китобдорони китобхонањои муас­сиса­њои тањсилоти миёнаи умумї ва директорони СКМ шањру ноњияњои љумњурї иштирок доштанд.

   Рўзи 21- уми феврал бахшида ба Рўзи Артиши миллї зери унвони «Сипари боэътимод» бо иштироки хонандагони Гимназияи № 1 барои хонандагони болаёќат, хонандагони МТМУ №6 ва адибон мањфили адабї шуда гузашт.  

 

Мирсаид Миршакар

Мирсаид Миршакар 5-майи соли 1912 дар махаллаи Синдеви нохияи Шугнони ВМКБ чашм ба олами хасти кушодааст. Соли 1993 дар синни 81 солаги вафот кардааст.

Шарикони мо!

© 2012 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумхуриявии ба номи Мирсаид Миршакар  |  Ҳамаи ҳуқуқи муаллиф маҳфуз аст
    Phone: [+ 992 37] 227-47-26  |  E-mail: info@mypage.tj  |  -- Designed by: Dodikhudoev Parviz