КИТОБХОНАИ ДАВЛАТИИ БАЧАГОНАИ ҶУМХУРИЯВИИ БА НОМИ МИРСАИД МИРШАКАР


Хуш омадед ба боргоҳи маърифат

Таърихи китобхона

Китобхонаи давлатии кӯдакона ба номи Мирсаид Миршакар.

Китобхонаи кӯдакона дар ду толори ошёнаи сеюми китобхонаи марказии шаҳри Душанбе бо фармони Вазири Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 1974 таъсис дода шуда буд, баъдан 27 сентябри соли 1974 лентаи рамзии кушодашавии китобхонаро шоири маҳбуби бачагон Мирсаид Миршакар бурид ва хонандагонро ба китобхона даъват намуд. 
Солҳои аввал захирааш аз ҳисоби давлат ва шоиру нависандагони Тоҷикистон пурра мешуд. Масалан аввалин бор шоири маҳбуби бачагон шодравон Мирсаид Миршакар ба китобхона 289 нусха китоб туҳфа намуда буд.
Китобхона дорои 3-шӯъба мебошад.
1. Шӯъбаи такмил ва баррасии адабиёт.
2. Шӯъбаи хадамот.
3. Шӯъбаи илмию-методӣ ва маълумотдиҳию-библиографӣ.
Ҳоло бошад захираи китобии китобхонаро 105238 нусха китоб фаро гирифтааст, дар китобхона 27 нафар корманд соле ба 4500 хонанда хидмат мерасонанд.
Тамоми захираи китоби китобхона дар маҷмуи феҳристу парвандаҳо (картотека) сабт шудааст.
Китобхонаи мазкур бо тарбияи кудакону наврасон машғул аст. Дар ин муддати тулони бисёр корҳои тарғиботию таблиғоти гузаронида, ҳазорон хонандаро бо хидмати судманд ноил гардондааст. Аксарияти чорабиниҳои гузаронида шуда ба адабиёти бачагона марбутанд.

Мирсаид Миршакар

Мирсаид Миршакар 5-майи соли 1912 дар махаллаи Синдеви нохияи Шугнони ВМКБ чашм ба олами хасти кушодааст. Соли 1993 дар синни 81 солаги вафот кардааст.

Шарикони мо!

© 2012 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумхуриявии ба номи Мирсаид Миршакар  |  Ҳамаи ҳуқуқи муаллиф маҳфуз аст
    Phone: [+ 992 37] 227-47-26  |  E-mail: info@mypage.tj  |  -- Designed by: Dodikhudoev Parviz