Санадҳо
Дастуруламали
хизматии муовини раиси КДБҶТ ба номи
М.Миршакар
Қоидаҳои умумӣ
1.Муовини раис барои вазъ ва созмондиҳии корҳои илмӣ, методӣ ва иттилоотию библиографии китобхона, ба нақшагирии асоснок кардашудаи илмӣ, бақайдгирии фаъолияти китобхона ва такмили дониши кормандон ҷавобгӯ мебошад.
2.Ӯ мувофиқи пешниҳоди раиси китобхона аз тарафи вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи таин ва озод карда мешавад.
3.Муовин аз рӯи фаъолияташ ба раиси китобхона тобеъ аст ва дар асоси қарору қонунҳои ҳукумат, фармону дастуруламалҳои ташкилотҳои болоӣ, тавсияҳои китобхонаи миллӣ, оинномаи китобхона, фармону супоришоти раиси китобхона амал мекунад.
4. Дар вақти ҳозир набудани раиси китобхона муовин вазифаи ӯро ба ӯҳда мегирад ва оид ба фаъолияти пурраи китобхона ҷавобгӯ мебошад.
Вазифаҳои муовин
1.Муовин ба фаъолияти илмӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва илмию иттилоотии китобхона назорат мекунад ва оид ба самаранок ва сифати хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотдиҳию библиографии муштариён (хонандагон)-и хурдсол назорат мебарад.
2.Оид ба фаъолияти шӯъбаҳо (таҳлили нақшаю ҳисоботҳо ва хулосаҳояш нисбати онҳо, назорати доимӣ нисбати мундариҷаи ташкили корҳо роҳбарӣ менамояд).
3.Барои баррасии нақшаҳои перспектию ҷорӣ оиди ҳамаи равандҳои кори китобхона роҳбари мекунад ва барои органҳои болои мурратабсозии ҳисоботҳо ва гузоришҳо оид ба фаъолияти китобхонаро таъмин мекунад.
4.Иҷроиши саривақтаи нақшаҳои корӣ, қарорҳои қабулкарда, фармону супоришоти раиси китобхонаро ба ҷо меорад.
5.Маҷлиси шӯъбаҳои китобхонаро бо муҳокимаи масъалаҳои корҳои илмӣ мегузаронад, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозад ва тавсияҳо оиди беҳбуди кори онҳо пешниҳод менамояд.
6.Ба шӯрои таҳририя роҳбари намуда, кори онро ба роҳ мемонад ва барои иҷроиши нақшаи корҳои нашрии китобхона назорат мебарад.
7.Дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои кишвар ва хориҷро меомӯзад ва дар фаъолияти китобхона ҷорӣ мекунад.
8.Дар матбуот баромад мекунад ва дар кори семинар, конфронс, ҷамъомадҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мувофиқи тахассусаш баромад мекунад.
9.Аз болои интизоми истеҳсолию меҳнатии кормандони китобхона назорат мекунад.
Дастуруламали
хизматии сармуҳосиби КДБҶТ ба номи М.Миршакар
Қоидаҳои умумӣ
1.Сармуҳосиб бо пешниҳоди раиси китобхона аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (мувофиқаи сармуҳосиби Вазорат) ба вазифааш таин ва озод карда мешавад.
2.Қабул ва супоридани кор дар ҳолати таин ва озод намудани сармуҳосиб дар асоси санад(акт)-и тафтиши ҳолати ҳисоби бухгалтерӣ ва ҳисобот сурат мегирад.
3.Дар ҳолатҳои зарурӣ қабул ва супоридани кори сармуҳосиби китобхона бо иштироки сармуҳосиби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
4.Сармуҳосиб аз рӯи фаъолияташ ба раиси китобхона тобеъ аст ва ҳуқуқи имзои дуввум дар ҳуҷҷатҳои ҳисобию пулӣ дорад.
5.Супоришот ва нишондоди сармуҳосиби китобхона оид ба масъалаҳои бухгалтерӣ, ҳисобот ва назорат нисбати тартиби басомонрасонии амалиётҳои молиявӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷат ва маълумотҳо мувофиқи дархости бухгалтерия барои ҳамаи сохторҳои китобхона ҳатмист.
Вазифаҳои сармуҳосиб
1.Сармуҳосиби китобхона ба фаъолияти пурраи бухгалтерия роҳбарӣ мекунад ва дар назди роҳбарияти китобхона оид ба ташкил ва ҳолати кори он ҷавобгӯ аст
2.Саривақт ва дақиқ воситаҳои китобхона (воситаҳои пулӣ, маблағи фонди китобӣ, маводи арзишнок ва ғ) басомонрасонии дурусти ҳуҷҷатҳо ва суратҳисобҳои ҳисоби бухгалтерии амалиётҳои молиявиро ба ҳисоб мегирад.
3.Дар асоси ҳуҷҷатҳои дақиқи аввала ва қайдҳои бухгалтерӣ ба раёсати ҳисоби бухгалтерӣ, ҳисобот ва рушди Вазорати фарҳанг бо мӯҳлатҳои муайянкардашуда ҳисоботи бухгалтерӣ медиҳад.
4.Сармуҳосиб барои қабул ва хароҷоти дурусти саривақтаи материалҳои қимматнок, инвентаризатсияи воситаҳои пулӣ, фондҳои асосӣ, ҳисобу ӯҳдадориҳо, ситонидани қарзҳои дебиторӣ ва барҳамдиҳии қарзҳои кредиторӣ, хараҷоти фонди маош ва дигар хараҷотҳо доимо назорат мебарад.
5.Лоиҳаи нақшаи кории перспективӣ ва солонаи бухгалтерияро бо назардошти ҳамаи шаклҳои фаъолияташ ва ҳисобот оид ба кораш тартиб медиҳад.
6.Методҳои прогрессивии ташкили меҳнат ва идоракунии бухгалтерияро ҷорӣ мекунад.
7.Назорати сахти интизоми кассавӣ ва ҳисоботӣ, хароҷоти таинии маблағҳои аз бонк гирифта, иҷроиши тартиби муайяни баррасии чекҳо ва нигаҳдории дафтарчаҳои чекиро таъмин мекунад.
Дастуруламали
хизматии мудири хоҷагии КДБҶТ ба номи М.Миршакар
Қоидаҳои умумӣ
1.Мудири хоҷагӣ дар асоси қонунгузории меҳнат аз тарафи раиси китобхона ба кор таин ва озод карда мешавад ва супоришоту фармонҳои роҳбарияти китобхонаро иҷро мекунад.
2.Ӯ дар назди раис ҷавобгӯ мебошад ва аз фаъолияти кориаш ҳисобот медиҳад.
Вазифаҳои мудири хоҷагӣ
1.Мудир барои корношоямии асбобу анҷом, ашёҳо,воситаҳои техникӣ (чопӣ, нусхабардор, овозӣ, шамолдиҳанда, барқӣ..) ҷавобгар аст.
2.Ӯ барои равнақ ва мустаҳкамнамоии базаи моддию техникии китобхона саҳм мегузорад ва мувофиқи дархости роҳбарияти китобхона асбобу анҷом, ашёҳои нав, воситаҳои техникӣ пайдо ва ворид мекунад ва аз масъули кораш ба бухгалтерия ҳисобот дода, онҳоро ба қайд мегирад.
3.Кормандони китобхонаро (мувофиқи касбашон) бо молҳои конселярӣ (ручка, қоғаз, ширеш, хаткӯркунак, ҷадвал, папкаҳо..) ва хоҷагӣ (матои полшӯяк, ҷорӯб, хокаи шустушӯӣ…) таъмин менамояд.
Низомнома
оиди шӯъбаи пурракунӣ ва коркарди (баррасии) адабиёти КДБҶТ ба
номи Мирсаид Миршакар.
Қоидаҳои умумӣ ва вазифаҳо
1.Шӯъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёт сохтори мустақили китобхона мебошад ва бевосита ба раис итоат мекунад.
2.Фаъолияти шӯъба дар асоси оинномаи китобхона, нақшаҳои солона ва перспективии кор, фармону супоришоти роҳбарияти китобхона ва низомнома оиди шӯъба муайян карда мешавад.
3.Дигаргунӣ дар раванди фаъолияти шӯъба бо ризоияти Вазорати фарҳанг ва бо фармони раиси китобхона тасдиқ карда мешавад.
4.Роҳбарии фаъолияти шӯъба ба тариқи якка ва шакли коллегиуалии идоракунӣ сурат мегирад.
5.Сохтори шӯъба дар асоси принсипи вазифавию мавзӯи муайян карда мешавад.
Мазмуни фаъолияти шӯъба
1.Шӯъба бо ҳамоҳангӣ бо дигар шӯъбаҳои китобхона барои ғанӣ гардонидани маънавиёти кӯдакону наврасон, тарбияи ҳаматарафаи насли наврас саҳм мегузорад ва бо ин мақсад фонд ва феҳристҳои китобхонаро ташаккул медиҳад ва нисбати ин масъалаҳо ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ ёрии методию амалӣ мерасонад.
2.Шӯъба бояд:
-доимо фонди китобхонаро бо китобҳо, матбуоти даврӣ ва нашрияҳои нотавию овозӣ ва ғайра пурра намояд;
-адабиёти воридшударо саривақт ба қайд гирад, тасниф намояд ва баргакҳоро ба феҳристҳо ворид намояду адабиёти мазмунан кӯҳнашударо хориҷ кунад;
-феҳристу картотекаҳоро дар асоси «Низомнома»-и китобхонаҳои бачагонаи ҷумҳуриявӣ созмон диҳад;
-оиди ташаккули фондҳои китобӣ ва феҳристҳо барои кӯдакон корҳои таҳқиқоти барад;
-барои пуррагардонии фонди китобӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Ташкили кор ва идораи шӯъба
1.Роҳбари шӯъбаро мудир ба зимма мегирад ва ӯ аз тарафи раиси Китобхона таин мегардад. Вай оиди ташкили кор ва мундариҷаи фаъолияти шӯъба дар назди раис ҷавобгӯ аст.
2.Иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъба аз тарафи раиси китобхона таин карда мешавад ва ӯ роҳбарии корҳоеро ба ӯҳда мегирад, ки мудир муайян менамояд.
3.Тақсимоти вазифаҳо дар шӯъба дар асоси меъёри функсионалӣ ба роҳ монда мешавад, яъне бо назардошти ихтисос ва таҷрибаи корӣ ва дастуруламали хидматӣ.
4.Коркунони шӯъба аз тарафи раиси китобхона бо назардошти қонуни меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дархости мудири шӯъба ба кор таин карда мешаванд.
5.Штати шӯъба бо назардошти ҳаҷми кор ва меъёрҳои амалкунанда муайян карда мешавад.
Дастуруламали
хизматии мудири шӯъбаи пурракунӣ ва коркарди
адабиёти КДБҶТ ба номи М.Миршакар
Қоидаҳои умумӣ1.Мудири шӯъба аз тарафи раиси китобхона мувофиқи қонунгузории меҳнат ба кор таъин ва озод карда мешавад ва супоришоти раис ва муовинашро ба ҷо меорад.
2.Мазмуну мундариҷаи кори шӯъбаро ӯ мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» қоидаҳои амалкунандаи соҳа, дастуруламалҳои хизматии кормандон ва низомномаи шӯъба ба роҳ мемонад.
Вазифаҳои мудир
1.Ӯ оид ба фаъолияти пурраи шӯъба, ташкили кор, ҷобаҷокунии кадрҳо дар шӯъба ва такмили дониши касбии онҳо, банақшагирии кор ва корҳои ҳисоботдиҳӣ, нигоҳдорӣ, ҳифз ва рушди фонди китобии китобхона масъул аст.
2.Мудир идоранамоии тамоми фаъолияти шӯъбаро ба роҳ мемонад ва нақшаҳои перспективӣ, солона ва индивидуалии кории кормандон ва шӯъбаро таҳия менамояду оид ба иҷроиши онҳо назорат мебарад ва ба роҳбарияти китобхона ҳисобот медиҳад.
3.Мустақиман ва дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои китобхона дастуруламалҳо, тавсияҳо, маслиҳатҳо нисбати масъалаҳои созмондиҳӣ, ташаккули фондҳои китобӣ омода намуда, дастраси муштариён-кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ мегардонад.
4.Адабиёти ба китобхона воридшударо дар якҷоягӣ бо кормандони шӯъба омӯхта, ҷобоҷо мекунад ва маҷмӯи феҳристҳои хонандагони хизматиро созмон медиҳад.
5.Дар назди шӯъба фонди мободилавии эҳтиётӣ таъсис дода, бо китобхонаҳои бачагонаи вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ додугирифт мекунад.
6.Оид ба масъалаҳои марбутаи кори шӯъба семинару конфронсҳои кормандони китобхонаҳои бачагонаю мактабиро созмон медиҳад ва онро бо муассисаю ташкилотҳои соҳаи фарҳанг ва маориф ҳамоҳанг месозад.
7.Ба шаҳру навоҳии кишвар ба сафарҳои хизматӣ баромада, ба китобдорон ёрии амалию методӣ мерасонад ва нисбати фаъолияти онҳо ба роҳбарияти китобхона ва ташкилотҳои дахлдор гузоришу тавсияҳо пешниҳод мекунад.
8.Ӯ доимо ба адабиёти тозанашри соҳа шинос шуда, донишашро такмил медиҳад ва таҷрибаи пешқадами корро ба кормандонаш пешкаш мекунад.
Дастуруламали
хизматии саркитобдори шӯъбаи пуркунӣ ва коркарди
адабиёти КДБҶТ ба номи М. Миршакар.
Қоидаҳои умумӣ
1.Саркитобдори шӯъба аз тарафи раиси китобхона мувофиқи қонунгузории меҳнат ба кор таин ва озод карда мешавад.
2. Дар вақти ҳозир набудани мудир (сафарҳои хизматӣ, рухсатии меҳнатӣ ва беморӣ) вазифаи ӯро ба зиммаи худ мегирад.
3. Супоришоти раис, муовини он ва мудири шӯбаро ба ҷо меорад.
Вазифаҳои саркитобдор
1.Коркарди (баррасии) маводи чопии ба китобхона воридшударо ба зиммаи худ мегирад ва бақайдгирии ҳатмии онҳоро дар китоби инвентарӣ ба роҳ мемонад.
2.Махзани китобии китобхонаро омӯхта, барои тозагии он аз адабиёти мазмунан кӯҳна, ғайрисоҳавӣ ва бисёрнухсагӣ санадҳо таҳия месозад.
3.Дар ҳамоҳангӣ бо мудири шӯъба нақша ва ҷадвали кории кормандон, ҳисоботҳои хаттию оморӣ тартиб медиҳад ва барои иҷроиши онҳо нақшаҳои индивидуалии кормандонро таҳия намуда, аз болои иҷроиши онҳо ва сифати кор назорат мекунад.
4.Барои созмондиҳи ташаккули фонди китобии китобхона дар якҷоягӣ бо мудири шӯъба тадқиқотҳо анҷом медиҳад ва барои ғанӣ гардонидани он чораҳо меандешад.
5.Дар пуррагардонидании фондҳои китобии китобхона бо адабиёти заррурӣ ва тозанашр масъул мебошад.
6.Ба шаҳру навоҳии кишвар ба сафарҳои хизматӣ баромада, ба китобдорон ёрии амалию методӣ мерасонад ва таҷрибаи пешқадами онҳоро омӯхта, барои дигар китобхонаҳо тавсияҳо, маслиҳатҳои методӣ, варақаҳо омода мекунад.
7.Нисбати фаъолияти кориаш дар семинар, конфронс ва ҷамъомади китобдорон ширкат варзида, баромад мекунанд ва барои беҳбуди кори онҳо маслиҳатҳо медиҳад.
8.Оид ба пуркунӣ ва пурракунии фондҳои китобии китобхонаҳои бачагонаю мактабӣ, созмондиҳии феҳрастҳо дастурҳои таҳия мекунад ва ба дастурҳои соҳавии китобхонаҳои бачагонаи вилоятии ҷумҳурӣ тақриз менависад.
9.Бо адабиёти тозанашри соҳавӣ шинос шуда, донишашро такмил медиҳад ва ба бозомӯзӣ низ машғул мешавад.
Дастуруламали
хизматии китобдори пешбари шӯъбаи пуркунӣ ва коркарди
адабиёти КДҶБТ ба номи М. Миршакар.
Қоидаҳои умумӣ
1.Китобдори пешбар дар асоси қонунгузории меҳнат аз тарафи раиси китобхона ба кор таин ва озод карда мешавад ва тибқи нақшаи индивидуалии солона фаъолият мекунаду супоришоти мудир ва саркитобдори шӯъбаро иҷро мекунад.
2.Дар вақти ҳозир набудани мудир ва саркитобдори шӯъба (сафарҳои хизматӣ, рухсатии меҳнатӣ, беморӣ)иҷроиши вазифаҳои якеи онҳоро ба ӯҳдаи худ мегирад.
Вазифаҳои китобдории пешбар
1.Китобдор барои созмондиҳӣ, пурракунӣ ва таҳрири феҳристи мураттабии китобхона масъул мебошад.
2.Барои коркарди (баррасии) адабиёти соҳавӣ (ғайр аз соҳаҳои варзиш, фарҳанг, санъат ва бадеӣ)ҷавобгар аст
3.Ӯ барои пуррагардони фонди китобии китобхона бо адабиёти зарурӣ ва тозанашр мутасадӣ мебошад.
4.Дар семинар, конфронс ва ҷамъомадҳои кормандони китобхонаҳо ширкат варзида, бо маърӯзаю баромадҳои пурмазмуни соҳа баромад мекунад.
5.Нақшаю ҳисоботҳои солонаи китобхонаҳои вилоятӣ, ноҳиявию шаҳриро омӯхта, таҳлил ва фикру мулоҳизаҳои худро баён мекунад ва ба дастурҳои методии тартибдодаи онҳо тақризҳо менависад.
6.Барои боздиди фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ ба сафарҳои хизматӣ баромада, ба китобдорон ёрии амалию методӣ мерасонад, таҷрибаи пешқадами онҳоро дастраси умум мегардонад ва оид ба функсияи шӯъба дастурҳо тайёр мекунаду дар тадқиқотҳо ширкат меварзад.
7.Доимо бо адабиёти тозанашри соҳавӣ шинос шуда, донишашро такмил медиҳад ва ба бозомӯзӣ низ машғул мешавад.
Дастуруламали
китобдори дараҷаи 2- шӯъбаи пуркунӣ ва коркарди
адабиёти КДБҶТ ба номи М. Миршакар
Қоидаҳои умумӣ
1.Китобдор дар асоси қонунгузории меҳнат аз тарафи раиси китобхона ба кор таин ва озод карда мешавад ва тибқи нақшаи индивидуалии солона фаъолият мекунад ва супоришоти мудири шӯъбаро иҷро мекунад.
2. Ӯ дар назди мудири шӯъба ҷавобгӯ мебошад ва оид ба фаъолияти кориаш ҳисобот медиҳаду нисбати беҳбуди кори шӯъба таклифҳо пешниҳод менамояд.
Вазифаи китобдори дараҷаи 2
1.Китобдор барои созмондиҳӣ, пурракунӣ ва таҳрири феҳрасти алифбоии китобхона мутасади мебошад.
2.Ба корҳои ҳуҷҷатгузории шӯъба масъул аст.
3.Барои коркарди адабиёти соҳаҳои варзиш, фарҳанг, санъат ва бадеӣ ҷавобгар аст.
4.Ба бозомузӣ машғул шуда, донишашро такмил медиҳад ва ба китобдорони ҷумҳурӣ оид ба беҳбуди фаъолияташон тавсияҳо ва маслиҳатҳои муфид низ медиҳад.
5.Адабиёти баррасишударо ба шӯъбаи хизматрасонӣ (хадамот) ва дигар шӯъбаҳои китобхона ирсол мекунад.
Низомнома
оиди шӯъбаи илмию методӣ ва маълумотдиҳию
библиографии КДБҶТ ба номи М. Миршакар
Қоидаҳои умумӣ
1.Шӯъбаи илмию методӣ ва маълумотдиҳию библиографӣ ҷузъи соҳибҳуқуқи (худмухтори) Китобхонаи давлати бачагонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи М. Миршакар мебошад.
2.Фаъолияти худро мутобиқ ба моддаҳои 1 ва 2-и «Ойинномаи»-и Китобхона ва фармонҳои раиси Китобхона, ҷонишини раис ва дастуруламалу нақшаҳои шӯъба ба роҳ мемонад.
3.Шӯъба ҳамчун маркази умумиҷумҳуриявии илмӣ- методӣ ва иттилоотии кӯдакону наврасон ва роҳбарони хониши онҳо мутобиқи моддаҳои 5.1. « Ойиннома»-и КДБҶТ фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри пурмазмун ва беҳатарнамоии фаъолияти китобхонаҳои бачагона, мактабӣ ва марказҳои хадамот бо кӯдакону наврасон маводҳои роҳбарикунанда, пешбаранда, дастуруламалҳо, маслиҳатҳои методӣ, библиографӣ ва иттилоотии тамоми китобхонаҳои бачагонаи ҷумҳуриро зери назорат мегирад.Усулу равишҳои тозаю самарабахши кор бо кӯдакону наврасонро дар китобхонаҳои бачагонаю мактабӣ ҷорӣ менамояд ва тарғиби китобро дар байни кӯдакону наврасон муайян намуда, ба ҷоизаҳои умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод менамояд.
4.Бо салоҳиди шӯъба ба китобхонаҳои бачагона, мактабӣ, муассисаҳои томактабӣ, интернатҳо, истироҳатгоҳҳо ва ғайра ёрии методӣ – библиографӣ медиҳад ва дар амал ҷорӣ намудани хадамоти итилоотии библиографӣ кӯмак мерасонад. Шӯъба ба марказҳои мухталифи хадамот бо бачагону наврасон ҳамкорӣ намуда, дар гузаронидани конфронсҳои илмӣ – амалӣ ва илмию назариявӣ семинарҳо, дарсҳои кушод, рӯзҳои мутахассис ширкат варзида, такмили ихтисоси коркунони шӯъба ширкати онҳо дар курсҳои кӯтоҳмуддат саҳм мегирад.
5.Иҷроиши вазифаҳои шӯъба:
-ҳамоҳангсозии тамоми корҳои ташкилию методии китобхона; танзими нақшаҳои перспективӣ, солона, кварталӣ (семоҳа) ва индивидуалӣ, чорабиниҳои ҷудогона, ҳисоботҳои матнию оморӣ оиди фаъолияти шӯъба ва китобхона;
-танзими маводи инструктивию методӣ ба тартиб даровардани ҷараёни корӣ дар шӯъба ;
-иштирок дар чорабиниҳои баланднамояии дараҷаи сиёсию ғоявӣ, такмили ихтисоси коркунони шӯъба;
-дар мусобиқаҳою чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ дошта ширкат варзидан иборат мебошад.
-соатҳои кории коргарони шӯъба мувофиқи талаботи истеҳсолот муайян шуда, бо ризоияти иттифоқи касаба ва аз тарафи раиси Китобхона тасдиқ ва ҷорӣ карда мешавад.
2. Мазмуни фаъолияти шӯъба
1.Мувофиқи «Ойиннома»-и Китобхона шӯъба дар ҳамкорӣ бо марказҳои илмию тадқиқотӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва идораю муассисаҳои бо кӯдакону наврасон корбаранда дар тарбияи насли наврас фаъолияти худро ҳамоҳанг намуда, имконияти тарбиявӣ, ахлоқӣ, педагогии онҳоро таввасути адабиёт ба ӯҳда мегирад. Ба китобхонаҳои марказҳо ва идораҳои бо кӯдакон сарукордошта ёрии амалию услубӣ мерасонанд. («Ойиннома», моддаи 4.1).
2.Шӯъба дар ҳамоҳангӣ бо китобхонаҳои бачагонаю мактабӣ дар баландбардории тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, азхуднамоии барномаҳои дарсию берун аз синфии толибилмон ва роҳбарии хониши кӯдакону наврасон, беҳтарнамоии ташаккул ва истифодаи фонди китобӣ, равнақи минбаъдаи хадамоти тафриқавии кӯдакону наврасон ва роҳбарони хониш мусоидат мекунад.
3.Дар роҳбарии услубии фаъолияти китобхонаҳои бачагонаю мактабӣ шӯъба тамоми шаклҳои мавҷудаи соҳаро васеъ истифода намуда, омӯзишу таҳлили вазъи хизматрасонии китобхонаҳоро зери назорат мегирад ва нақшаю ҳисоботҳои онҳоро таҳқиқ менамояд, дастурҳои методӣ-библографӣ ва ғайра таҳия ва нашр намуда, такмили ихтисоси китобдоронро ба роҳ мемонад ва таҷрибаи пешқадами онҳоро инчунин пешкаши китобдорон мегардонад.
4.Шӯъба дар мутамарказонидани корӣ китобхонаҳои бачагонаи ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзад, созмондиҳии маҷмӯи ягонаи хадамоти китобхонавии бачагона, кӯдакону наврасонро дастгирӣ карда, дар коркарду ҳамоҳангсозии нақшаҳои ҷорӣ ва перспективии идораю муассисаҳои мухталиф нисбати хадамоти китобхонавии кӯдакону наврасон дар ҷумҳурӣ иштирок намуда, иҷроиши онҳоро зери назорат мегирад.
5.Шӯъба дар таҳияи дастурҳои методию библиографиро барои тамоми китобхонаҳои бачагона ба ӯҳда дорад.
6.Шӯъба дар таҳқиқотҳои илмии марказҳои методии ҷумҳуриявӣ ширкат меварзад ва ҳуқуқи коркарди масоили замонавии методӣ кор бо кӯдаконро ба ӯҳда дорад.
7.Шӯъба оиди масоили мубрами китобдорию библиографӣ (моддаи 1.7 «Ойиннома») нисбати хадамоти кӯдакону наврасон пешниҳодоти худро тайёр намуда, ба самъи раиси китобхона, идораҳои кор бо ҷавонон, корхонаҳои ватанию хориҷӣ пешниҳод менамояд.
8.Шӯъба дар пурзурнамоии фаъолияти китобхонаҳои вилоятӣ ва марказии бачагона ҳамчун марказҳои методии шаҳриву ноҳиявӣ мусоидат менамояд, зеро китобхонаҳои мазкур ҳамчун такягоҳи асосии баамаловарии роҳбарии методӣ оиди масоили кор бо бачагон дар ҳамкорӣ бо ҳамаи китобхонаҳо вобаста ба хадамоти бачагон ба шумор мераванд.
9.Шӯъба фаъолияти китобхонаҳои бачагонаро таҳқиқ намуда, нақшаю, ҳисоботҳои онро меомӯзад ва дар кори банақшагирӣ ва ҳисоботтайёрнамоии онҳо ёрӣ мерасонад.
10.Таҷрибаи пешқадами хадамоти китобдории бачагонро муайян намуда, бо фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ муқоиса менамояд ва дар китобхонаи бачагона онро ҷорӣ менамояд. («Ойиннома», моддаи 4.13.2).
11.Дар ҳамкорӣ бо марказҳои методӣ семинарҳо, ҷаласаҳо, конфронсҳо ва макотиби таҷрибаи пешқадам оид ба масоили хадамоти китобхонаҳои бачагона, такмили ихтисоси китобдорон ва роҳбарони хониш иштирок менамояд.
12.Дар китобхонаҳои бачагона тавсияҳои КДБҶТ ва марказҳои методии ҷумҳуриро ҷорӣ менамояд.
13.Дар шӯроҳои китобхонавӣ, комиссияҳо, кумитаҳои тадорукот оиди гузаронидани чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ширкат меварзад.
3. Ташкил ва идораи шӯъба.
1.Роҳбари шӯъбаро мудир ба зимма дорад ва ӯ аз тарафи раиси Китобхона бо ризоияти Вазорати фарҳанг таин мегардад.
2.Иҷрокунандаи вазифаи ҷонишини мудири шӯъба аз тарафи раиси Китобхона таин карда шуда, роҳбарии корҳоеро ба ӯҳда мегирад, ки мудири шӯъба ба ӯ муайян менамояд.
3.Дар шӯъба гурӯҳҳо бахшида ба бахшҳои гуногуни фаъолияти китобдорӣ бо кӯдакон ташкил карда мешавад, ки оиди соҳаҳои мухталифи кор ва ба тарғиби адабиёти соҳавӣ нигаронида шудааст.
4.Роҳбарии гурӯҳ ба яке аз кормандон вогузошта мешавад, ки оиди фаъолияти гурӯҳ ба мудири шӯъба ҷавобгӯ аст.
5.Коркунони шӯъба аз тарафи раиси Китобхона бо назардошти қонуни меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор таин ва аз кор озод карда мешаванд.
1.Вазифаи коркунони шӯъба бо назардошти хусусияти ихтисос, таҷрибаи амалӣ, дастуруламали хидматӣ муайян карда мешаванд.
2.Штати шӯъба бо назардошти ҳаҷми кор ва меъёрҳои амалкунанда муайян карда мешавад.
3.Сохтор ва маъмурияти шӯъба мутобиқи «Ойинномаи» КДБҶТ, фармони Вазорати фарҳанг ва раиси Китобхона муайян карда мешавад.
4.Тағйироту иловаҳо оиди сохтор ва вазоифи шӯъба, ки фаъолияти онро пурзӯр ва самаранок менамояд, аз тарафи роҳбарияти Китобхона бо фармони раис тасдиқ карда мешавад.
Дастуруламали
хизматии мудири шӯъбаи илмию- методӣ ва
маълумотдиҳии библиографии КДБҶТ ба номи М.Миршакар
Қоидаҳои умумӣ
1.Мудири шӯъбаи илмию-методӣ ва маълумотдиҳии библиографиро раиси Китобхона таин менамояд.
2.Мудири шӯъба тобеъи раис ва муовини ӯ буда, ба корҳои зерин ҷавобгӯ аст:
- оиди фаъолияти пурраи шӯъба.
- ташкили кор дар шӯъба.
- банақшадарорӣ ва иҷрои нақшаҳои қабулшуда.
- бақайдгирии кор ва ҳисобот.
-муҳофизати фонди дастгоҳи маълумотдиҳию библиографӣ дар шӯъба.
- кор бо кадрҳо ва ҷобаҷокунии онҳо.
- баланбардории ҷараёни ғоявию сиёсии чорабиниҳои
Китобхона ва шӯъба:
3.Мазмуни корӣ шӯъба мувофиқи қонун ва қоидаҳои амалкунанда, дастуруламалҳо ба роҳ монда мешаванд.
2. Вазифаҳои мудири шӯъба
1.Идоранамоии тамоми фаъолияти шӯъба, ташкили кор дар шӯъба, бақайдгирии фаъолияти коркунони шӯъба.
2.Таҳияи нақшаҳои перспективӣ, солона квараталӣ ва чорабиниҳои гуногун, ҳисоботҳои матнӣ ва оморӣ бо назардошти равнақёбии перспективии шӯъба дар солҳои наздик.
3.Ташкилнамоии ҷараёни илмии меҳнат.
4.Ҳамоҳангсозии қисматҳои ҷудогонаи шӯъба, назорат ба кори онҳо.Мунтазам зери назорат гирифтани иҷроиши нақшаҳои индивидуалии коркунони шӯъба.
5.Ташкили реҷаи кор, таъмини иҷрои мунтазами он ва назорат ба интизоми истеҳсолии коргарон.
6.Таҳияи дастуруламалҳо, тавсияҳо ва асноди назариявии идоранамоии тартиби кори шӯъба ва қисматҳои ҷудогонаи он.
7.Кор бо кадрҳо, назорат ба такмили ихтисоси кормандони шӯъба.
8.Мунтазам гузаронидани ҷаласаҳои истеҳсолӣ ва ҳисоботи коркунони шӯъба баҳри иҷроиши пешниҳодоту тавсияҳои дар ҷаласаҳо қабулгашта.
9.Ҷоринамоии таҷрибаҳои пешқадам дар фаъолияти кормандон.
10.Ташкили захираи маълумотӣ, феҳристу картатекаҳои шӯъба ва муҳофизату нигаҳдории онҳо.
11.Бароҳмонии корҳои:
-таҳия ва таҳрири асноди маводи методию библиографӣ;
-таҳқиқ ва хулосаи таҷрибаи дастовардҳои корҳои китобхонавии кӯдакон ва ҷавонон;
-ҷоринамоии таҷрибаи пешқадам дар фаъолияти шӯъба ва Китобхона.
12.Роҳбарии корҳои илмӣ, илмию-методӣ ва библиографӣ ва ширкати шахсии мудир дар онҳо.
13.Иштирок дар:
-таҳияи нақшаҳои корӣ, созмондиҳии ёрии методӣ ва библиографии ба Китобхонаҳо оиди хизматрасонии кӯдакону наврасон;
-танзими тавсияҳо оид ба муассисаю идораҳо вобаста ба кори кӯдакон, дар беҳтарнамоии хадамоти маълумотдиҳию библиографӣ ва иттилоотии кӯдакон ва роҳбарони хониши онҳо, ҳамоҳангсозии кори марказҳои методии муассисаҳои гуногун;
-таҳияи нақшаҳои мавзӯи оид ба пурркунии фонди Китобхона ва шӯъба, дархости қаблии адабиёт;
-омӯзиш (таҳқиқи азназаргузарони)-и захираи китобхона;
-кор дар пурранамоӣ ва мукаммалнамоии сохтори феҳристу картатекаҳои Китобхона;
-тарғиби дониши китобхонавию библиографӣ дар байни хонандагони китобхона;
-шӯрои таҳририи китобхона;
-ҷаласаҳои комиссияҳои байниидоравӣ мутобиқ ба кори шӯъба;
14.Ҳамоҳангсозии кории шӯъба бо тамоми шӯъбаҳои китобхона.
15.Ҳамкорӣ бо муассисаҳои ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба хадамоти китобхонавии кӯдакон.
16.Танзими дархостҳо оид ба корҳои хоҷагӣ ва таъмир дар дохили шӯъба.Бадастоварии анҷоми китобхонавӣ ва лавозимоти конселярӣ.
17.Назорати дурусти ҳуҷҷатгузории шӯъба.
3.Ҳуқуқи мудири шӯъба.
1. Мудир ҳуқуқ дорад, ки:
-дар назди роҳбарияти китобхона масоили ҳамоҳангсозии фаъолияти шӯъба бо дигар шӯъбаҳои китобхона масъала гузорад;
-ба раиси Китобхона ҳуҷҷатҳо оиди ҷобаҷонамоии вазифаҳои коркунони шӯъба, мукофотонидан ва ҷазо додани коркунони шӯъба, интизомнокӣ дар шӯъба ва ғайра, пешниҳодҳо намояд;
-ҷойивазкунии коркунони шӯъбаро дар дохил ҳал кунад;
-нақшаи кори индивидуалии коркунони шӯъба ва ҳисоботи онҳоро тасдиқ кунад;
-ба коркунон фармоиши маъмурӣ диҳад;
-дар ҷаласаҳо, конфоронсҳо ва форумҳо бахшида ба масоил ва проблемаҳои хадамоти кӯдаконро муаррифӣ намояд;
Дастурамали
хизматии методисти дараҷаи 1 шӯъбаи илмию методӣ ва
маълумотдиҳии библиографии КДБҶТ ба номи М.Миршакар
Қоидаҳои умумӣ.
1.Методисти дараҷаи 1 дар асоси қонунгузории меҳнат аз тарафи раиси китобхона ба кор таин ва озод карда мешавад ва тибқи нақшаи индивидуалии солона фаъолият мекунаду супоришоти мудири шӯъбаро иҷро мекунад.
2.Методистӣ дараҷаи 1 дар назди мудири шӯъба ҷавобгӯ мебошад ва бо пуррагӣ оиди фаъолияти кории худ ба ӯ ҳисобот медиҳад.
Вазифаи методисти дараҷаи 1
1.Роҳбарӣ, ташкил ва банақшагирии қисмати алоҳидаи кор.
2.Дарёфт ва таҳияи мавод оиди мураттабсозии дастурҳои методӣ, библиографӣ.
3.Тарғиби донишҳои китобхонавию библиографӣ дар байни кӯдакону наврасон.
4.Омӯзиши фонди ба ӯ вобаста карадшуда.
Аз вазифаҳои дар боло номбаркарда шуда методист вазифадор аст ки;
-ба китобхонаҳои бачагона, мактабӣ ва дигар китобхонаҳои ба кӯдакону наврасон хизматрасонандаи гурӯҳи ноҳияҳои вобастакардашуда хизмат расонад ва ташкили хизматрасонии кӯдаконро дар ин ноҳияҳои ба роҳ монад;
-нақшаю ҳисоботҳои китобхонаҳоро таҳлил намояд;
-таҷрибаи пешқадамро омӯзад, ҷамъбаст, тарғиб ва ҷорӣ намояд;
-материалҳои инструктивию методиро кор карда барояд ва тавсияҳо таҳия намояд;
-ба яке аз масъалаҳои кори китобдорӣ оиди кӯдакон саҳм гирад;
-оиди китобхонаҳои бачагонаи ҷумҳурӣ картатека созмон диҳад ва онро пеш барад;
-ташаккул ва нигаҳдории фонди шӯъбаро ба ӯҳда гирад.
Дастуруламали
хизматии сарбиблиографи шӯъбаи илмию методӣ ва маълумотдиҳию библиографии КДБҶТ ба номи М.Миршакар
Қоидаҳои умумӣ
1.Сарбиблиограф аз тарафи раиси китобхона мувофиқи қонунгузории меҳнат ба кор таин ва аз кор озод карда мешавад.
2.Дар вақти ҳозир набудани мудири шӯъба (сафарҳои хизматӣ, рухсатии меҳнатӣ, рӯзҳои корношоямӣ) вазифаи ӯро ба дӯши худ мегирад.
3.Супоришоту формоишоти раис, муовини он ва мудири шӯъбаро ба ҷо меорад.
Вазифаҳои сарбиблиограф
1.Мусатақиман бештар ба нуқтаи корӣ муҳими шӯъба роҳбарӣ мекунад ва самаранокии фаъолияти онро таъмин менамояд.
2.Дар якҷоягӣ бо мудири шӯъба нақша, ҷадвали кор, ҳисоботҳо тартиб медиҳад ва оиди иҷроиши нақшаҳои индивидуалии кормандони шӯъба, раванди технологӣ, сифати кор назорат мекунад.
3.Бо назардошти соҳаи (профили) кори шӯъба ва нақшаи китобхона бояд корҳои зеринро ба сомон расонад:
-корҳои илмию тадқиқотӣ (баррасӣ ва таҳияи барномаи тадқиқот, тавсияҳо оид ба амалинамоии натиҷаҳои тадқиқот дар амалия, тартиб додани ҳисобот, тайёрнамоии маводи чопӣ, баромад бо маърӯза дар асоси маводи тадқиқот);
-корҳои иттилоотию библиографӣ (нақшаи (лоиҳаи) нашрияҳои библиографиро ба сифатӣ мураттиб ё муҳаррир барраси менамояд; корҳои мураккаби мавзӯи ва услубии корҳои библиографиро иҷро мекунад; мазмуну сифати корҳои маълумотдиҳию библиографии шӯъбаи худ ва дигар шӯъбаҳои китобхонаро таҳлил карда, тарғиби донишҳои китобхонавию библиографиро ба роҳ мемонад);
-доимо такмили дараҷаи кордонӣ ва истеҳсолии худро баланд бардошта, бо назардошти тахассусаш таҷрибаи кори китобхонаҳои кишвар ва хориҷро меомӯзад ва тарғиб менамояд;
Дастуруламали
хизматии методисти пешбари шӯъбаи илмию методӣ
ва маълумотдиҳию библиографии КДҶБТ ба номи
М.Миршакар
Қоидаҳои умумӣ.
1.Методисти пешбар дар асоси қонунгузории меҳнат аз тарафи раиси китобхона ба кор таин ва озод карда мешавад ва тибқи нақшаи индивидуалии солона фаъолият мекунаду супоришоти мудири шӯъбаро иҷро мекунад.
2.Ӯ дар назди мудири шӯъба ҷавобгӯ мебошад ва бо пурраги оид ба фаъолияти кории худ ҳисобот медиҳаду дар вақти ҳозир набудани мудир, сарбиблиограф (беморӣ, рухсатии меҳнатӣ, сафарҳо ) вазифаи онҳоро ба ӯҳда мегирад.
Вазифаҳои методисти пешбар
1.Бо назардошти касбаш ва нақшаи кории шӯъба корҳои зеринро бояд иҷро намояд;
-корҳои илмию методӣ (қоидаҳо, дастуруламалҳо, низомномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоиа тахассус ва ё кори шӯъба алоқамандро баррасӣ менамояду дастурҳои методӣ (услубӣ)-ро таҳрир ва дар муҳокимаи онҳо иштирок мекунад;
-ба дастурҳои китобхонаҳои бачагонаи вилоятҳо тақриз менависад;
-барои омӯзиши таҷрибаи кори китобхонавию библиографӣ оид ба тахассуси худ ва расонидани ёрии амалӣ дар маҳаллҳо ба сафарҳои хизматӣ мебарояд;
-фаъолияти китобхонаҳои бачагонаю мактабиро таҳлил менамояд, таҷрибаи пешқадами корӣ онҳоро паҳн намуда, дар амалия онҳоро татбиқ мекунад;
-барои бозомӯзии касбии кормандони китобхонаҳо саҳм мегузорад:
-барномаҳо баррасӣ намуда, бо лексияю маърӯзаҳо баромад мекунад;
-ба таҷрибаи истеҳсолии донишҷӯён сарварӣ менамояд;
-доимо бозомӯзӣ намуда, дониши касбии худро баланд бардорад ва таҷрибаи пешқадами кори китобхонаҳоро сармашқи фаъолияти худ мекунад ва дастовардҳои илмии соҳаи китобдориро ташвиқу тарғиб менамояд;
-дастурҳои методии китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ, дуру наздикро, ки ба фаъолияти кории китобхонаҳои бачагонаи Тоҷикистон мутобиқ мебошанд, тарҷума мекунад;
Дастуруламали
хизматии китобдори дараҷаи 2 шӯъбаи илмию методӣ ва маълумотдиҳию библиографии КДҶБТ ба номи
М. Миршакар
Қоидаҳои умумӣ
1.Китобдори дараҷаи 2 дар асоси қонунгузории меҳнат аз тарафи раиси китобхона ба кор таин ва озод карда мешавад ва тибқи нақшаи индивидуалии солона фаъолият мекунад ва супоришоти шӯбаро иҷро мекунад.
2.Ӯ дар назди мудири шӯъба ҷавобгӯ мебошад ва бо пуррагӣ оид ба фаъолияти кории худ ҳисобот медиҳад. Дар вақти ҳозир набудани методист (беморӣ, рухсатии меҳнатӣ) вазифаи ӯро ба ӯҳда мегирад..
Вазифаҳои китобдорӣ дараҷаи 2
1.Бо назардошти касбаш ва нақшаи кории шӯъба корҳои зеринро бояд иҷро намояд:
-дастгоҳи маълумотдиҳию библиографӣ (фонд, маълумотномаҳои хаттӣ, феҳристу картатекаҳо )-ро пурра ва таҳрир менамояд;
-рӯйхатҳои тавсиявии адабиёт, маълумотномаҳои хаттӣ тартиб медиҳад ва барои қонеъ намудани талаботи муштариён хизмати иттилоотию библиографӣ мерасонад;
-дар байни кормандони китобхона ва муштариёни он хулосаҳои библиографӣ оид ба маводи тозанашр ва мавзӯию соҳавӣ мегузаронад;
-барои ба сафари хизматӣ сафарбаршавандагони шӯъба маводи зарурӣ омода менамояд;
-доимо бозомӯзӣ намуда, дониши касбиашро сайқал ва такмил медиҳад ва аз адабиёти соҳавии китобдорию библиографӣ бархурдор мебошад;
-оид ба касбаш ба дигар кормандони китобхонаҳо (бачагонаи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва мактабӣ ) ёрии амалию методӣ мерасонад .
Дастуруламали
хизматии китобдори дараҷаи 2 шӯъбаи илмию методӣ ва маълумотдиҳиюбиблиографии КДБҶТ ба номи М.Миршакар
Қоидаҳои умумӣ
1.Методист дар асоси қонунгузории меҳнат аз тарафи раиси китобхона ба кор таин ва озод карда мешавад ва тибқи нақшаи индивидуалии солона фаъолият мекунад ва супоришоти мудири шӯъбаро иҷро мекунад.
2.Ӯ дар назди мудири шӯъба ҷавобгӯ мебошад ва ба пуррагӣ оид ба фаъолияти кории худ ҳисобот медиҳад. Дар вақти ҳозир набудани китобдорӣ дараҷаи 2 (беморӣ, рухсатии меҳнатӣ) вазифаи ӯро ба ӯҳда мегирад.
Вазифаҳои методист
1.Методист оид ба ҷамъоварии мавод (гузоришҳо аз сафарҳои хизматӣ, ҳуҷҷатҳои роҳбарикунандаи фаъолияти кории китобхонаҳо, таҷрибаи пешқадами китобхонаҳо, нақшаю барномаҳои семинар, конфронс ва ҷамъомади кормандони китобхонаҳо, нақша ва ҳисоботҳои шӯъба, китобхонаҳои бачагонаю мактабӣ ва ғайра) масъул аст.
2.Картатекаҳои «Нашрияҳои шӯъба», «Китобхонаҳои бачагонаи Тоҷикистон», «Мактабӣ таҷрибаи пешқадам»-ро созмон медиҳад ва маводро дар лиффофаҳои махсус муқовабандӣ мекунад.
3.Барои кормандони китобхона, ки ба сафарҳои хизматӣ мераванд, маводи зарурӣ пешниҳод мекунад.
4.Дар ороиши сатҳи шӯъба ва ҷамъоварию ҷобаҷокунии махзани шӯъба саҳм мегузорад.
5.Доимо дониши худро сайқал дода, ба бозомӯзӣ машғул мешавад.
6.Ба китобдорон оиди дархосташон тавсияҳо, консултатсияҳо медиҳад.
Низомнома
оиди шӯъбаи хизматрасонии КДБҶТ ба номи М.Миршакар
Қоидаҳои умумӣ ва вазифаҳо
1.Шӯъбаи хизматрасонӣ сохтори мустақили китобхона мебошад ва бевосита ба раис ва муовини раис итоат мекунад.
2.Фаъолияти шӯъба дар асоси ойинномаи китобхона, нақшаҳои солонаи корӣ ва перспективӣ, фармону супоришоти роҳбарияти китобхона ва низомнома оиди шӯъба муайян карда мешавад.
3.Шӯъба фаъолияти худро бо мақсади кӯмак расонидан ба макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, муассисаҳои томактабӣ барои тарбияи ҳаматарафаи насли наврас таввасути тарғиби адабиёти беҳтарини бачагона ва дигар ба роҳ мемонад.
4.Шӯъба ҷалбнамоии кӯдакону наврасони ш. Душанбе ба мутолиаи адабиёт, роҳбарии хониши онҳо, тарғиби адабиёт ва баландбардории истифодаи самаранокии фонди китобӣ; дар кӯдакон тарбия намудани маданияти китобхонӣ; тарғиби донишҳо оиди масъалаҳои адабиёти бачагона; роҳбарии хониши кӯдакон ва корӣ китобдорӣ бо кӯдакон дар байни роҳбарони хониши кӯдакон; иштирок дар корҳои илмию тадқиқотӣ ва коркарди мустақими проблемаҳои роҳбарии хониши кӯдакон, мукаммалнамоии шаклу намудҳои кор бо хонандагон; ёрии амалию методӣ расонидан ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ оиди масъалаҳои роҳбарии хониши кӯдакон ва тарғиби адабиёт вогузошта мешавад.
5.Роҳбарии фаъолияти шӯъба ба тариқи якка ва шакли идоракунии коллегиалӣ сурат мегирад.
6.Сохтори шӯъба дар асоси шаклу принсипҳои хизматрасонии дифференсиалии хонандагон муайян карда мешавад.
7.Дигаргунӣ дар раванди фаъолияти шӯъба бо мутобиқоти раиси китобхона ва фармони ӯ амалӣ карда мешавад.
Мазмуни фаъолияти шӯъба
1.Шӯъба тарғиби комплексии адабиёти бадеӣ, ҷамъиятию
сиёсӣ, илмию оммавӣ ва ғайраро, ки барои васеънамоӣ ва рушди кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд, таъмин менамоянд. Таввасути шаклу усулҳои корӣ китобдорӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии хонандагони ҷавон ва тарбияи меҳнатӣ, эстетикӣ (зебоӣ), ҷисмонии онҳо ҳидоят намоянд. Ба мактабҳо барои омӯзиши талабагон ёри расонанд ва рушди лаёқатнокӣ ва муносибати дуруст намудан ба дарсҳо мусоидат кунанду дар якҷоягӣ бо мактаб корҳои тарбиявӣ нисбати маданияти хониш ва азхудкунии донишҳои китобхонавию библиографӣ саҳм гиранд.
2.Хизматрасонии дифференсиалии китобхонавӣ оиди ҷалбнамоии томактабиёну талабагони синфҳои 1-8 ба мутолиаи доимӣ ва ҳаматарафаро ташкил мекунад, инчунин ба роҳбарони хониши кӯдакон (китобдорон, омӯзгорон, тарбиятгарон , волидайн ва ҳамаи он шахсоне, ки ба адабиёти бачагона сару кор доранд) хизмат мерасонанд; гурӯҳи хонандагон, хоҳиши онҳо, хусусияти хониш ва қабули китоби хондашударо меомӯзанд; роҳбарии индивидуалии мутолиотии кӯдаконро ба сомон мерасонанду ба хонандагон корҳои оммавӣ мегузаронанд ва корҳои тарғиботии шифоҳӣ (аёнӣ)-и адабиёт ва корҳои фаъоли хонандагон ва кружокҳо (маҳфилҳо)-ро созмон медиҳанд.
3.Дар асоси нақшаҳои ягонаи корӣ бо мактабҳо дар байни кӯдакон корҳои тарбиявӣ мебаранд ва ҳамаи талабагонро ба мутолиаи фонди китобхона ҷалб менамоянд.
4.Дар якҷоягӣ бо библиограф хизматрасонии маълумотдиҳию библиографӣ ва иттилоотии хонандагонро ба роҳ мемонаду дастгоҳи маълумотдию библиографӣ барои талабагони синфҳои 1-3, 4-8 –ро созмон медиҳад ва тарғиби онро ба роҳ мемонад, дар асоси барномаи ягона ба талабагон дар ҳамкорӣ бо мактаб донишҳои китобхонавию библиографиро ташкил мекунад.
5.Корҳои тарғиботии самараноки истифодабарии фонди китобиро мебарад ва фондҳои кушоди китобӣ вобаста ба синну соли хонандагонро ташкил мекунад, хонандагонро дар рӯҳияи муносибати оқилона кардан ба фондҳои китобӣ тарбия менамояд.Ҳайати фондҳои китобиро меомӯзад ва чораҳо барои истифодаи самараноки он меандешад ва дар пурркунии фонди китобии китобхона иштирок карда, корӣ бақайдгирии адабиёти додашударо ба ҳисоб мегирад.
6.Дар якҷоягӣ бо шӯъбаи илмию методӣ ва маълумотдиҳию библиографӣ ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ оиди масъалаҳои мундариҷаи кори китобдорӣ бо кӯдакон, ҷалби онҳо ба китобхонаҳо, тарғиби адабиёт ва роҳбарии хониши кӯдакон ёрии амалию методӣ мерасонад ва таҷрибаи кори худро меомӯзад, таҳлил ва ҷамъбаст менамояд. Таҷрибаи китобхонаҳои дигарро низ омӯхта, онро дар корашон ҷорӣ менамояд ва барои онҳо маводи методӣ, маслиҳатҳо (консултатсияҳо) таҳия карда, ба китобхонаҳо ташриф меоварад. Дар чорабиниҳои такмили ихтисоси китобдорон ширкат меварзад
7.Дар таҳқиқотҳои илмии марказҳои методии ҷумҳуриявӣ иштирок менамояд ва мустақиман оиди масъалаҳои алоҳидаи кор бо хонандагон-кӯдакон, мукаммалнамоии маҷмӯи хизматрасонии хонандагон ва баландбардории самаранокии роҳбарии хониш низ тадқиқот мебарад.
Ташкили кор ва идораи шӯъба.
1.Роҳбарии шӯъбаро мудир ба зимма мегирад ва ӯ аз тарафи раис мувофиқи қонунгузории меҳнат таин мегардад. Вай бо пуррагӣ оиди ташкил ва мундариҷаи кор дар назди раис ҷавобгӯ мебошад.
2.Иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъба аз тарафи раиси китобхона таин карда мешавад ва ӯ роҳбарии корҳоеро ба ӯҳда мегирад, ки мудир муйаян менамояд.
3.Дар шӯъбаи хизматрасонии хонандагон гурӯҳҳои: томактабӣ ва талабогони синфҳои 1-ӯм, талабагони синфҳои 2-3, талабагони синфҳои 4-5, талабагони синфҳои 6-8 таъсис дода мешаванд.
4.Роҳбарии гурӯҳҳо ба ӯҳдаи яке аз коркунони шӯъба вогузошта мешавад, ки вай дар назди мудир оиди ташкили ва мундариҷаи кор ҷавобгӯ мебошад.
5.Коркунони шӯъба аз тарафи раис мувофиқи қонунгузории меҳнат ба кор таин ва аз кор озод карда мешаванд.
6.Вазифаҳои коркунони шӯъба дар асоси характеристикаи квалификатсионӣ ва дастуруламали хизматии тасдиқкардаи раиси китобхона муайян карда мешаванд.
7.Штати шӯъба бо назардошти ҳаҷми кор, сохтори он ва меъёрҳои амалкунанда муайян мегардад.
8.Шӯъба барои иҷрои вазифаҳои худ :
-планҳои нақшаҳои перспективӣ, солона, кварталӣ ва инливидуалӣ чорабиниҳои алоҳидаи кор, ҳисоботҳои хаттӣ ва омориро тартиб медиҳад;
-материалҳои инструктивӣ-методӣ, ки раванди истеҳсолотиро дар бар мегиранд, таҳия менамояд;
-фаъолияти худро бо дигар сохторҳои китобхона мутобиқ (ҳамоҳанг) месозад;
-дар чорабиниҳое, ки барои баланд бардоштани дараҷаи идеявию сиёсӣ ва квалификатсияи истеҳсолии кормандони китобхона мусоидат мекунад, иштирок мекунад ;
-дар мусобиқаи байни кормандон иштирок менамояд ва саҳм мегузорад;
9.Режими (реҷаи) корӣ шӯъба дар асоси талаботи зарурии истеҳсолӣ муайян карда мешавад ва аз тарафи раис бо мувофиқаи иттифоқҳои касаба тасдиқ карда мешавад.
Дастуруламали
хизматии мудири шӯъбаи хизматрасонии КДБҶТ
ба номи М.Миршакар
Қоидаҳои умумӣ
1.Мудири шӯъба мувофиқи қонунгузории меҳнат аз тарафи раиси китобхона ба кор таин ва озод карда мешавад ва супоришу фармонҳои роҳбарияти китобхонаро ба ҷо меорад.
2.Фаъолияти шӯъбаро ӯ дар асоси қонунҳои амалкунандаи ҳукумати ҷумҳурӣ, ойинномаи китобхона, низомномаю хизматии кормандони шӯъба ба роҳ мемонад.
Вазифаҳои мудир
1.Мудир фаъолияти шӯъба:
-созмондиҳии кор ва ҷобаҷокунии кадрҳо дар шӯъба;
-такмили дониши касбии онҳо, ба нақшагирии кор ва корҳои ҳисоботдиҳӣ, ҷобаҷокунӣ ва нигаҳдорию тарғиби махзани китобии китобхона, созмондиҳии чорабиниҳои оммавӣ дар байни хонандагони хурдсол ва ҷалби онҳо ба мутолиаи адабиётро ба зиммаи худ мегирад.
2.Ӯ нақшаҳои перспективӣ, солонаи шӯъба ва индивидуалии кории кормандонашро таҳия мекунад ва оид ба иҷрогии онҳо назорат бурда, ба роҳбарияти китобхона ҳисобот медиҳад.
3.Дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои китобхона чорабиниҳои оммавӣ (конфронс, сӯҳбатҳо, баландхониҳо, сӯбҳи хониш, сӯҳбатҳо оид ба китоб, хулосаҳои библиографӣ, шабҳои адабӣ, саволу ҷавоб ва ғайра) созмон дода, ба ин васила махзани китобии адабиётро тарғиб мекунад ва хонандагонро ба китобхонию китобхона ҷалб менамояд.
4.Дар ҷалбнамоии хонандагон ба китобхона дар якҷоягӣ бо кормандонаш бо омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахт ва ҷумҳурӣ ҳамкорӣ мекунад ва мувофиқи синну соли кӯдакон намоишҳои рангоранги китобҳо, лавҳаҳо, папкаҳои алоҳида ташкил менамояд.
5.Барои хонандагон саволномаҳо таҳия намуда, корҳои тадқиқотӣ мебарад ва барои иҷрои дархости онҳо чораҳо меандешад.
6.Мудир ҳамчун роҳбари хониши кӯдакону наврасони китобхонаҳои ҷумҳурӣ маслиҳатҳо, тавсияҳо, сӯҳбат оид ба китобҳо таҳия намуда, онҳоро дастраси кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ мегардонад.Ӯ дар якҷоягӣ бо дигар кормандонаш нақшаю ҳисоботҳои солонаи китобхонаҳои бачагонаи ҷумҳуриро омӯхта, нисбати кор бо кӯдакону наврасон тавсияҳо пешниҳод мекунад.
7.Вобаста ба фаъолияти шӯъба семинару конфронс, ҷамъомадҳои кормандони китобхонаҳои бачагонаю мактабиро созмон медиҳад ва мустақиман мувофиқи ихтисосу касбаш дар дигар чорабиниҳо иштирок ва баромад мекунад.
8.Таҷрибаи пешқадами китобдорони бачагонаи ҷумҳуриро меомӯзад ва онро пешкаши ҳаводоронаш мегардонад.
9.Ба бозомӯзӣ доимо машғул шуда, донишашро такмил ва равнақ медиҳад.
Дастуруламали
хизматии саркитобдори шӯъбаи хизаматрасонии
КДБҶТ ба номи М.Миршакар
Қоидаҳои умумӣ
1.Саркитобдор мувофиқи қонунгузории меҳнат аз тарафи раиси китобхона ба кор таин ва озод карда мешавад ва фармону супоришоти мудири шӯъбаро ба ҷо меораду тибқи нақшаи индивидуалии солона фаъолият мекунад.
2.Дар вақти ҳозир набудани мудир (сафарҳои хизматӣ, рухсатии меҳнатӣ ва беморӣ) вазифаи ӯро ба зиммаи худ мегирад.
Вазифаҳои саркитодор
1.Ӯ бештар ва мустақиман ба нуқтаи (участкаи) муҳими шӯъба (назорат аз болои кори кормандон, роҳбарии хониши хонандагон, гузаронидани тадқиқотҳо, таҳлили фаъолияти корӣ китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ…) роҳбарӣ мекунад ва пешбурду самаранокии корро таъмин мекунад.
2.Дар якҷоягӣ бо мудири шӯъба ӯ нақша, ҷадвали кор, ҳисоботҳо оиди фаъолияти шӯъбаро тартиб медиҳад ва оид ба иҷроиши онҳо ва нақшаҳои индивидуалии кормандони шӯъба, раванди технологӣ, сифати кор назорат мекунад.
3.Вай ба сафарҳои хизматӣ баромада, ба китобдорони ҷумҳурӣ оид ба корбарии байни кӯдакону наврасон ёрии амалию методӣ мерасонад, таҷрибаи пешқадами кори онҳоро омӯхта, пешкаши дигарон мегардонад ва дар ҷамъомад, семинар ва конфронсҳои китобдорон ширкат варзида, бо маърӯзаю гузоришҳои пурмазмун баромад мекунад ва дониши онҳоро такмил медиҳад.
4.Дар созмондиҳии чорабиниҳои оммавии китобхона сарварӣ мекунад ва барои дар сатҳи баланд баргузоршавии онҳо саъю кӯшиш мекунад.
5.Вобаста ба тахассус ва касбаш барои кормандони китобхонаҳо тавсияҳо, маслиҳатҳо, варақаҳо ва дигар шакли дастурҳо таҳия намуда, онҳоро дастраси муштариён мегардонад.
6.Доимо ба бозомӯзӣ машғул шуда, дониши худро сайқал медиҳад.
Дастуруламали
хизматии китобдори пешбари шӯъбаи хизматрасонии
КДБҶТ ба номи М.Миршакар
Қоидаҳои умумӣ
1.Китобдори пешбар дар асоси қонунгузории меҳнат аз тарафи раиси китобхона ба кор таин ва озод карда мешавад ва тибқи нақшаи индивидуалии солона фаъолият мекунаду фармону супоришоти мудири шӯъба, раиси китобхона ва муовинашро иҷро менамояд.
2.Ӯ дар назди мудири шӯъба ҷавобгӯ мебошад ва оид ба фаъолияти кории худ ҳисобот медиҳаду дар вақти ҳозир набудани мудир ва саркитобдори шӯъба (сафарҳои хизматӣ, рухсатии меҳнатӣ, беморӣ) вазифаи онҳоро ба ӯҳда мегирад.
Вазифаҳои китобдори пешбар
1.Китобдори пешбар бо назардошти касбаш ва нақшаи индивидуалии солонаи кораш бояд чунин корҳоро низ иҷро намояд:
-корҳои илмию методӣ таҳияи дастуруламалҳо, низомномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои тахассусӣ-китобдорӣ;
-дастурҳои методӣ (услубӣ)ва таҳриру тарҷумаи онҳо; омӯзиш, ҷамъбаст ва баррасии таҷрибаи пешқадами китобдорони китобхонаҳои бачагонаю мактабӣ;
-сафарҳои хизматӣ ба шаҳру навоҳии кишвар бо мақсади ёрии амалию методӣ расонидан ба китобдорон оид ба корбарии байни кӯдакону наврасон;
-гузоришу маърӯзаҳо дар семинар, конфронс ва ҷамъомадҳои китобдорон ва такмили дониши онҳо;
-бақайдгирӣ, нигаҳдорӣ ва тарғиби адабиёти ба фонди шӯъба воридшуда;
-бозомӯзии адабиёти тозанашри тахассусӣ ва такмили дониши касбии худ.
Дастуруламали
хизматии китобдори дараҷаи 1-и шӯъбаи
хизматрасонии КДБҶТ ба номи М.Миршакар
Қоидаҳои умумӣ
1.Китобдор дар асоси қонунгузории меҳнат аз тарафи раиси китобхона ба кор таин ва озод карда мешавад.
2.Ӯ тибқи нақшаи индивидуалии солонаи корӣ фаъолият намуда, супоришоти мудири шӯъбаро ба ҷо меорад ва ба мудири шӯъба оиди иҷроиши кор ҳисобот медиҳад.
Вазифаҳои китобдори дараҷаи 1
1.Китобдор корҳоеро, ки дониши баланди тахассусиро талаб мекунанд, мустақиман иҷро менамояд ва ҳамаи корро дар участкаи худ ташкил карда , оид ба саривақт ва сифатан иҷро намудани нақшаи кор масъул аст .
2.Тарғиби адабиёти соҳавӣ ва роҳбарию хизматрасонии яке аз гурӯҳҳои хонандагон(синфҳои болоӣ : 5-8, 9-11)-ро ба ӯҳда мегирад ва барои онҳо чорабиниҳо созмон медиҳад.
3.Мувофиқи функсияи шӯъба зери роҳбарии саркитобдор дар иҷрои чунин корҳо саҳм мегузорад:
-таҳияи барнома ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои таҳқиқотҳо дар фаъолияти кории худ;
-созмондиҳии намоишҳои китобӣ, гузаронидани хулосаҳои библиографии адабиёт, сӯҳбату маслиҳатҳо, ҷустуҷӯ ва дастраси хонандагон гардонидани адабиёт;
-таҳияи тавсияҳои услубӣ, дастуруламалҳо;
-ёрии амалӣ расонидан ба китобдоронӣ ҷумҳурӣ дар созмондиҳӣ ва гузаронидани конфронсҳои амалӣ, ҷамъомадҳо, семинари кормандони китобхонаҳо дар рафти сафарҳои хизматӣ;
-тарғиби донишҳои китобдорӣ дар байни хонандагон (муштариён);
4.Доимо ба бозомӯзӣ машғул шуда, дониши худро такмил медиҳад ва таҷрибаи пешқадами дигар китобхонаҳоро оиди касбаш дар амал ҷорӣ менамояд.
5.Дар семинару ҷамъомадҳои кормандони китобхонаҳои бачагона ва мактабии ҷумҳурӣ иштирок намуда, бо маърӯзаю гузоришҳои пурмазмун баромад мекунад.
6.Дар рафти сафарҳои хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ба китобдорон нисбати хизматрасонӣ ба кӯдакон ёрии амалӣ мерасонад.
7.Барои тарғиби адабиёти соҳаҳои варзиш, фарҳанг, санъат ва бадеӣ дар байни хонандагон масъул мебошад ва дастгоҳи маълумотдиҳию библиографиродар якҷоягӣ бо кормандони шӯъбаи илмию методӣ ва маълумотдиҳию библиографии китобхона такмилу тарғиб менамояд.
8.Доимо бо адабиёти тозанашри соҳаи китобдорӣ шинос шуда, дониши худро равнақ медиҳад ва таҷрибаи пешқадами дигар китобхонаҳоро дар амал ҷорӣ менамояд.
Дастуруламали
хизматии китобдори дараҷаи 2-и шӯъбаи
хизматрасонии КДБҶТ ба номи М.Миршакар
Қоидаҳои умумӣ
1.Китобдор дар асоси қонунгузории меҳнат аз тарафи раиси китобхона ба кор таин ва озод карда мешавад.
2.Вай тибқи нақшаи индивидуалии солонаи корӣ фаъолият намуда, супоришоти мудири шӯъбаро ба ҷо меорад ва ба ӯ оид ба иҷроиши корҳояш ҳисобот медиҳад.
Вазифаҳои китобдори дараҷаи 2
1.Вазифаи худро китобдор сари вақт ва сифатан дар асоси нақшаи индивидуалии солона ва низомномаи шӯъба иҷро мекунад.
2.Ба роҳбарии хониши хонандагони синфҳои поёни(1-4) масъул мебошад ва ба онҳо хизмат расонида, чорабиниҳо (намоишҳои китобӣ, лавҳаҳо, стендҳо, сӯҳбатҳо, консултатсияҳо…) созмон медиҳад ва мегузаронад.
Датуруламали
хизматии китобдори шӯъбаи хизматрасонии
КДБҶТ ба номи М.Миршакар
Қоидаҳои умумӣ
1.Китобдор дар асоси қонунгузории меҳнат аз тарафи раиси китобхона ба кор таин ва озод карда мешавад.
2.Вай тибқи нақшаи индивидуалии солонаи корӣ фаъолият намуда, супоришоти мудири шӯъбаро ба ҷо меорад ва аз иҷрои корҳояш ҳисобот медиҳад.
Вазифаҳои китобдор
1.Ӯ вазифаи худро дар таҳти роҳбарии мутахассисони баландихтисос иҷро менамояд ва дар корҳои ёрирасонию техникӣ, илмию таҳқиқотӣ, иттилоотӣ ва ташкилии шӯъба саҳм мегузорад.
2.Барои нигаҳдорӣ, ҳифзи фонди китобии шӯъба муттасадӣ мебошад.
3.Ба ҳуҷҷатгузорӣ дар шӯъба ёрӣ мерасонад.
4.Доимо дониши худро такмил медиҳад.