Хабар
Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии баноми Мирсаид Миршакар» Пайки Наврӯз Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Наврўз идест, ки бо олами ҳастӣ, бо табиат ва обу хоки он иртиботи ногусастанӣ дорад. Мардум барои гиромидошти ин муқаддасот асрҳо Наврӯзро ботантана ҷашн мегиранд. Тоҷикон ифтихор мекунанд, ки ниёгонашон сарчашмадори ин ҷашни бузург будаанд. Наврӯз аз тамоми ҷашнҳои гузашта барои мардуми мо азизу мукаррамтар аст. Вобаста ба ин ҷашни бошукуҳ дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар таҳти унвони «Боз Наврӯзи ҷаҳони дар расид» намоиши китоби созмон дода шуд. Аз ин рӯ, Раёсати Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» тасмим гирифтааст, ки ҷашни Наврӯзи Аҷамро дар ҳамкорӣ бо Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ҷашни байналмилалии Наврӯз бо як шаҳомату шукуҳи хоса таҷлил намуданд. Директори муассисаи мазкур зимни баромад меҳмононро бо иди Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод гуфта, қайдкарданд, ки боташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни аҷдодии Наврӯз, ки аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст, ҷаҳонӣ гардид. Дар чорабини барномаи фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ доиргардид. Ҳамчунин, хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, суманак, сӯзаниҳо, расмҳо, либосҳои миллӣ ва намунаи маҳсулотҳои тарғибкунандаи ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд. Дар охири чорабинӣ муовини директории китобхона Сатторова Азизмоҳ ҳозиринро бо фарорасии иди фархундаи Наврӯз табрику таҳният намуда, иброз кардан, ки барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бигзор ин ҷашни қадимаву ҳамеша ҷавон барои миллати мо бахту саодат, ҳамдигарфаҳмӣ, рӯзгори неку осуда ва сулҳу суботи доимӣ биёрад.Ва ба қавли шоир: Наврӯзатон фирӯз бод!
Бахшида ба гиромидошти Рӯзӣ модарон дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар зери унвони «Модар нахуст устоди башарият» намоиши китоби гузошта шуд. Дар баробари ин бо хонандагони китобхона оид ба олиҳаи меҳру вафо-модар суҳбатҳои самими гузаронида шуд. Аз тарафи хонандагон шеъру тарона дар васфи зан-модар қироат гардиданд.
Тибқи дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги либоспуши икдоми «Тоҷикона мепушем!» амали мегардад. Аз ин лиҳоз, китобдорони Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ин иқдоми некро дастгири намуда, куртаҳои атласу адрас ва чакан ба бар карда истодаанд.
Дар сани 5-6 марти соли равон дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар семинари кормандони китобхонаҳои бачагона ва мактаби таҳти унвони «Китоб маҳзани илму маърифат» бахшида ба баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Хафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир гардид. Дар семинари мазкур намояндагон аз Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ, олимони соҳаи китобдори, адибон, директорони китобхонаҳо аз тамоми манотики чумҳури ва китобдорони муассисаҳои таълими ширкат варзиданд. Дар рафти семинар баромадкунандагон оид ба пешбурди соҳаи китобдори, озмунҳое, ки аз тарафи роҳбарияти Олии кишвар роҳандози гардидаанд, бошукуҳу шаҳомат ва идона баргузор намудани Фестивали ҷумҳуриявии «Хафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» маърузаҳо намуданд.
Санаи 5-6 марти соли 2024 семинари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои бачагона ва мактаби
таҳти унвони "Китоб маҳзани илму маърифат" бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мегардад.
Лутфан ҳамаи дастандаркорони фестивали мазкурро барои иштирок дар семинар даъват менамоем.
телефон барои тамос: 939-23-66-33, 227-22-57
Кумитаи тадорукот