Хабар
ҶАМЪБАСТИ ФЕСТИВАЛ
Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе» Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид. Барои ҷолибу рангинтар гардидани ин ҳамоиш намоиши китобии «Аниси кунҷи танҳои китоб аст!», намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш ва фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, суҳбати кӯдакону наврасон бо адибон, порчаҳо аз намоишномаҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак», навозиши мутрибони навраси Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон ва порчаҳо аз намоишномаҳои Сирки давлатии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Бо оғози барномаи фарҳангӣ бахшида ба 70- солагии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб зери унвони «Тараннум мекунад ҳар дам Ватанро» бо иштироки худи соҳибҷашн ва доираи васеи адибону олимон ва хонандагон ба ҳозирин ва аҳли нишаст як илҳоми тоза бахшид. Сухани табрикотии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сафарзода Давлат Шариф нисбат ба ғамхориҳо ва сиёсати хирадмандонаю фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи бештари Роҳбарияти Олии кишвар нисбат ба китобу китобдорӣ ва тарбияи дурусти наслҳои босаводу ҳушёр, ки ояндаи миллат дар дасти онҳост, оғоз гардид. Дар рафти суханронӣ Сафарзода Давлат Шариф аз ҷумла, дар бораи ҷойгоҳ ва мақому манзалати китоб ва ба ин восита роҳ ёфтан ба сӯи маънавиёт, огоҳ шудан аз таъриху тамаддуни хеш, бедор намудани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани завқи бадеию эстетикӣ дар байни аҳли ҷомеа, қайд намуданд.
Хонандагон аз эҷодиёти Муҳаммад Ғоиб порчаҳои шеъри қироат намуданд ва аз саҳму таваҷҷуҳи устод нисбат ба адабиёти кӯдак ёдовар шуданд. Илова ба ин, баромади тарбиятгирандагони Мактаб- интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев бо пешкаши суруду тарона ва рақсҳои ҷолиб ба чорабинии мазкур, ҳусни бештар зам намуд.
Дар анҷом ба ғолибони озмунҳои «Ҳунар беҳ аз зар бувад...», «Фаъолтарин хонанда», беҳтарин иншо дар мавзӯи «Биҳишти бебаҳоят- Тоҷикистон», беҳтарин қироаткунандаи шеър, достон, қасида ва ғазал зери унвони «Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст» ва озмуни «Ҷомӣ сухане чу мавлавӣ гуфт...», ки дар доираи баргузории чорабиниҳои фестивал ба нақша гирифта шуда буданд, туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» ҳамасола аз 2-юм то 9- уми апрел дар қаламрави ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маънавиёту фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷалби онхо ба китобу китобхона, ба ин васила дар замири нозуки онхо бедор намудани хисси ватандӯсти, хештаншиносӣ, худогохии миллӣ, баланд бардоштани завқи бадеию эстетикии онҳо ва арҷ гузоштан ба арзишҳои тамаддуни ниёгонамон ҳамасола аз 2- юм то 9- уми апрел Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" баргузор мегардад. Қайд кардан бамаврид аст, ки фестивали мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Муассисаи давлатии "Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар "роҳандози гардида, солиёни зиёдест дар байни аҳли ҷомеа, алалхусус насли наврас хуш пазируфта шудааст. Имсол низ ин ид 2- юми апрел бо иштироки аҳли қалам, олимони соҳаи китобдори, намояндагони Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобдорони китобхонаҳои бачагона ва мактаби, донишҷуёни факултаи китобдории ДДФСТ ба номи М. Турсунзода ва мухасилини Муассисаҳои таҳсилоти миёна ва Литсейю гимназияҳо чун анъана бо шукуҳу шаҳомати хоса оғоз гардид. Ба тантанаҳои идона намоиши китобии нашриётхои давлати ва ғайридавлати, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, ҳунарнамоии ҳунармандони Сирки давлати, театри Лӯхтак ва санъати ҳунарии дастпарварони Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон ва Мактаби махсуси бачагонаи мусиқӣ ба номи М. Атоев ҳусни бештар зам намуд. Рӯзҳои баргузории фестивал саҳну толорҳои китобхонаҳои бачагона ва мактаби идона ороста шуда, тули як хафта насли наврас бо адибоне, ки маҳз барои эшон эҷодкори менамоянд аз наздик шинос мешаванд, бо онхо суҳбат мекунанд. Дар муаррифии китобҳои тозанашри адибон ва дигар маҳфилҳои хотирмон фаъолона ширкат меварзанд. Дар доираи баргузории чорабиниҳои фестивал як қатор озмунхо, аз қабили: беҳтарин иншо дар мавзуи " Биҳишти бебаҳоям- Тоҷикистон", озмуни бехтарин қироати шеър, достон, қасида ва ғазал таҳти унвони "Бехтарин гавҳари ганҷинаи ҳасти сухан аст", озмуни "Хонандаи бехтарин", озмуни "Ҳунар бехтар аз зар бувад", "Ҷоми сухане чу мавлави гуфт..."- бахшида ба 610- солагии мударриси илму ҳикмат Мавлоно Абдураҳмони Ҷоми доир мегарданд ва иштирокчиёни фаъоли ин озмунҳо рӯзи ҷамъбасти фестивал 16- уми апрел дар Муассисаи давлатии "Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе" бо туҳфаҳои хотирави қадрдони мегарданд. Тазаккур бояд дод, ки таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии кишвар нисбат ба китоб ва баланд бардоштани қадру манзалати он дар байни тамоми кишрҳои ҷомеа зиёд буда, ин аз ғамхорию меҳрубониҳои Пешвои муаззами миллат барои эҳё ва идома додани фарҳанги китобдори ҷойгоҳу мавқеи худро дорост. Агар ба таърихи пайдоиши фестивали мазкур сайр намоем, ин чорабини соли 1944 - уми асри гузашта аз тарафи нависандаи рус Лев Кассил роҳандози гардидааст. Дар он солҳо Ҷанги Бузурги Ватани идома дошта, халқи бечора ба чунин иқдоми хуш ниёз доштанд. Мақсади нависанда ин буд, ки мехост ба воситаи ташкил намудани намоиши китоби як заррае ҳам бошад дили мардумро ба зиндаги гарм намояд ва хамин иқдом минбаъд дар Ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҳар сол рузи 2- юми апрел, ки зодрӯзи нависандаи маъруфи олмони Ханс Кристиан Андерсен мебошад, бо унвони "Ҳафтаи китоби кӯдакон" бо иштироки адибон доир мегардид. Мутаассифона, пас аз пош хурдани давлати абаркудрати Иттиҳоди Шуравӣ ин чорабини муддате бо гушаи хомуши рафт. Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон хушбахтона ин чорабини бо пешниходи адиби некному зиндаёд устод Наримон Бақозода бо унвони Фестивали "Ҳафтаи китоб ва мусики" аз нав эҳё гардид ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба "Барномаи давлатии рушди муассисахои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон " ворид карда шуд. Бо мурури замон бо пешниҳоди директори хамонвақтаи Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, олими шинохтаи соҳаи фаъолияти китобдорӣ, библиографи тоҷик равоншод Ғуломзода Қурбон ин чорабини ҳамчун Фестивали ҷумҳуриявии " Хафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" дар саросари ҷумҳури таҷлил мегардад. Бо истифода аз фурсати муносиб хамаи китобдорон ва дустдорони каломи бадеъро бо ин иди бошукуҳ самимона шодбош мегуем.
Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии баноми Мирсаид Миршакар» Пайки Наврӯз Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Наврўз идест, ки бо олами ҳастӣ, бо табиат ва обу хоки он иртиботи ногусастанӣ дорад. Мардум барои гиромидошти ин муқаддасот асрҳо Наврӯзро ботантана ҷашн мегиранд. Тоҷикон ифтихор мекунанд, ки ниёгонашон сарчашмадори ин ҷашни бузург будаанд. Наврӯз аз тамоми ҷашнҳои гузашта барои мардуми мо азизу мукаррамтар аст. Вобаста ба ин ҷашни бошукуҳ дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар таҳти унвони «Боз Наврӯзи ҷаҳони дар расид» намоиши китоби созмон дода шуд. Аз ин рӯ, Раёсати Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» тасмим гирифтааст, ки ҷашни Наврӯзи Аҷамро дар ҳамкорӣ бо Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ҷашни байналмилалии Наврӯз бо як шаҳомату шукуҳи хоса таҷлил намуданд. Директори муассисаи мазкур зимни баромад меҳмононро бо иди Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод гуфта, қайдкарданд, ки боташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни аҷдодии Наврӯз, ки аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст, ҷаҳонӣ гардид. Дар чорабини барномаи фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ доиргардид. Ҳамчунин, хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, суманак, сӯзаниҳо, расмҳо, либосҳои миллӣ ва намунаи маҳсулотҳои тарғибкунандаи ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд. Дар охири чорабинӣ муовини директории китобхона Сатторова Азизмоҳ ҳозиринро бо фарорасии иди фархундаи Наврӯз табрику таҳният намуда, иброз кардан, ки барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бигзор ин ҷашни қадимаву ҳамеша ҷавон барои миллати мо бахту саодат, ҳамдигарфаҳмӣ, рӯзгори неку осуда ва сулҳу суботи доимӣ биёрад.Ва ба қавли шоир: Ҳаррӯзатон Наврӯз бод, Наврӯзатон фирӯз бод!