КИТОБХОНАИ ДАВЛАТИИ БАЧАГОНАИ ҶУМХУРИЯВИИ БА НОМИ МИРСАИД МИРШАКАР


Хуш омадед ба боргоҳи маърифат

Библиомарафон

 

Дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ»

Бо мақсади ҷалби ҳар чӣ бештари кӯдакону наврасон ба китобу китобхона, тарғибу ташвиқи мероси гаронмояи фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои тозаи илмӣ-техникӣ дар байни онҳо, тарбияи ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли наврас ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қ а р о р м е к у н а д:

1. Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» аз моҳи март то моҳи сентябри соли 2015 дар ду давр дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор гардад.
2. Низомнома, Кумитаи тадорукот, ҳайати эҷодӣ ва маъмурии Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
3. Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани озмун дар назди Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил карда шавад.
4. Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳри ноҳияҳои ҷумҳурӣ хоҳиш карда шавад, ки барои дар сатҳи баланди фарҳанги баргузории озмун мусоидат намоянд.
5. Сардорони раёсатҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҳамкории шуъбаҳои маориф, бахшҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор карда шаванд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ доир намудани озмун тадбирҳои мушаххас андешанд.
6. Директорони Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев (Ашуров Х), Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев (Ашуров Ҳ), Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ (Маллаев К) вазифадор карда шаванд, ки дар рӯзи ҷамъбасти озмун иштироки хонандагони мактабҳои номбурдаро бо барномаҳои махсуси консертӣ таъмин намояд.
7. Директори Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ – Маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон (Узбеков А) вазифадор карда шавад, ки дар рӯзи ҷамъбасти озмун, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасонро ташкил намояд.
8. Директори Муассисаи давлатии Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» ҷиҳати таъмини бино, таҷҳизот ва дастгоҳҳои тақвияти овоз дар ҷамъбасти озмун вазифадор карда шавад.
9. Сармуҳаррирони рӯзномаҳои «Баҳори Аҷам», «Анбоз» ва маҷаллаи «Истиқбол» вазифадор карда шаванд, ки раванди баргузории озмунро ҳамаҷониба тарғиб намуда, бахшида ба озмун шумораи махсуси нашрияҳоро таҳия ва чоп намоянд.
10. Раёсати табъу нашр (Давлатов С), Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб», муассисаҳои нашриявии «Ирфон», «Адиб», «Маориф», «Адабиёти бачагона», дар рӯзи ҷамъбасти озмун намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашрро ташкил намоянд.
11. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини вазир Одинаева Б. Ф. вогузор карда шавад.

 

Раиси ҷаласаи
ҳайати мушовара,
Вазир Ш. Орумбекзода

 


Замима 1
Бо қарори ҳайати мушовараи
Вазорати фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз «19» 02 с. 2015
№ 2/6 тасдиқ шудааст.


Н и з о м н о м а и
Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва хонандагони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.

1. Мақсад ва вазифаҳо:
1.Эҳёи суннатҳои китобдӯстии халқи тоҷик,ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб.
2.Ташаккули маҳорату малакаҳои беҳтарини хониш.
3.Баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон.
4.Баҳрабардории ҳар чӣ бештар аз ганҷинаи бебаҳои ниёгон ва арзишҳои умумибашарӣ.
5. Табдил додани синф-иштирокчӣ ба маҳфили дӯстдорони китоб.
6. Тавассути тарбияи ҳисси эҳтиром ва муҳаббат ба китоб дар замири насли наврас бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, омӯзиши донишҳои амиқ, таваҷҷӯҳ ба ҷаҳон.
7. Ташаккули хислатҳои беҳтарини ахлоқии насли наврас, омодагии онҳо ба ҳаёти мустақилона.
8. Мусоидат намудан ба ҷараёни таҳкими заминаи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии насли наврас, пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ ва таасуби динӣ дар байни онҳо.
9.Ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти дахлдори давлатӣ, аҳли ҷомеа, бахусус падару модарон, омӯзгорону мураббиён, олимону адибон, китобдорон ба мушкилоти раванди хониши кӯдакону наврасон.
10. Ошкор намудани эҳтиёҷоти воқеии китобхонаҳои бачагона ва мактабии ҷумҳурӣ, фароҳамоварии шароитҳои мусоид барои мутолиаи китоб.
11.Арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ, зебоиписандӣ, меҳнатдӯстӣ, ифтихор аз Тоҷикистон.
12. Тарбияи ҳисси эҳтиром арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти миллӣ ҳифзи марзу буми Ватани азиз - Тоҷикистон.
13. Тарғибу ташвиқи адабиёти беҳтарини тозанашри илмӣ-оммавӣ, адабӣ, бадеӣ, техникӣ, инчунин адабиёти соҳаҳои гуногуни дониш, маҷаллаву рӯзномаҳо дар байни кӯдакону наврасон ва ҷавонон.
14. Муаррифии беҳтарин асарҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, осори намояндагони барҷастаи адабиёти халқҳои гуногуни ҷаҳон дар байни кӯдакону наврасон.
15. Таъмини дастрасии кӯдакону наврасон ба мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик тавассути ташкили мутолиаи китоб, саёҳат (экскурсия), маърӯза, суҳбату мулоқот оид ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ.
16. Дар ҳамкорӣ бо падару модарон боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии волидайн нисбат ба масъалаҳои хониши кӯдакону наврасон, ташаккули фарҳанги иттилоотии онҳо.
17. Кашфи истеъдодҳои ҷавон, кӯдакону наврасони болаёқат, аз ҷумла ровиёну наттоқони ҷавон, рассомону ихтироъкорони наврас, навқаламон, китобдӯстон.
18. Созмондиҳӣ ва баргузории чорабиниҳои гуногуни шавқовар барои кӯдакону наврасон, ҷавонон (мулоқоту вохӯрӣ, суҳбату, конфронсҳои хонандагон, субҳи адабӣ, намоиши китобӣ, муаррифии китобҳо, мубодилаи афкор, хулосаи библиографӣ, викторина, маҳфилҳои гуногун, ба монанди «Оилаи китобдӯст», «Синфи китобдӯст», «Фарзанди нек – боғи падар» (бо ширкати муштараки волидону фарзандон, мураббиёну омӯзгорон, адибону олимон) ва ғайра.
19. Паҳн ва дастраси кӯдакону наврасон гардонидани шаклу услубҳои нави хадамоти китобдорӣ-иттилоотӣ тавассути технологияи муосири иттилоотӣ, санҷиши маҳорату малакаҳои кор дар шабакаи интернет.
20. Ташкили ярмаркаи фурӯши китобҳо, нуқтаҳои китобдиҳӣ, намоишҳои китоб, маводи таълимӣ-методӣ, намоиши дастранҷи кӯдакон, рассомону ихтироъкорони наврас.
21.Тарғиби таҷрибаи оилаҳои китобдӯст дар тарбияи ҳисси эҳтиром нисбат ба китоб ва ташаккули фарҳанги иттилоотии фарзандон.

 

2. Шартҳои озмун:
1.Дар Озмун метавонанд хонандагни Муассисаҳои таълимӣ ва хонандагони Китоб-хонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намоянд.
2. Иштирок дар Озмун ихтиёрист.
3.Иштироки оилаҳои китобдӯст дар озмун писандида мешавад.
4.Таъмини китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр.
5. Иштирокчии Озмун бояд:
- узви ягон китобхона бошад;
-адабиёти заруриро аз феҳристу картотекаҳои китобхона мустақилона дарёфт карда тавонад;
- китобҳои хондаашро ба ҳамсолонаш муаррифӣ карда тавонад;
- рӯйхати китобҳои мутолиакардаашро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намояд;
- китобҳои хондаашро бо фикру мулоҳизот дар дафтарчаи махсус қайд намояд;
- дар рафти Озмун беш аз 4 китобро оид ба таъриху фарҳанги Тоҷикистон мутолиа намояд;
- чор китобро аз осори классикони адабиёти тоҷику форс ва муосир дар васфи Ватан мутолиа карда бошад;
- оид ба Қаҳрамонони халқи тоҷик ва Қаҳрамонони Тоҷикистон маълумот дода тавонад;
- бахшида ба мавзӯъҳои Истиқлолият, Муқаддасоти миллӣ, Забони давлатӣ, Сулҳу Ваҳдати миллӣ, ҷашнҳои ниёгон, иншооти бузург ва шахсиятҳои намоёни кишвар маълумоти кофӣ дошта бошад;
- ба саволҳо оид ба сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ Тоҷикистон ҷавоби саҳеҳ дода тавонад.


3.Тартиби баргузории Озмун:
Бо мақсади муайян намудани ғолибони Озмун ва иштирокчиёни фаъол дар назди ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ҳайати ҳакамон таъйин мегардад, ки онҳо ба масъалаҳои зерин баҳогузорӣ менамоянд:
- сатҳи таъминоти фонди китобхонаҳо бо осори чопӣ ва дигар маводи иттилоотӣ, аз ҷумла бо адабиёти тозанашр;
- сатҳи омодагии ҳар як синф ё иштирокчии алоҳида ба озмун;
- сатҳи маҳорату малакаи хонанда-муаррификунандаи китоб;
- саҳми оила дар ташаккули фарҳанги иттилоотии фарзандон;
- ҷиҳати тарбиявӣ ва нақши китоб дар васеънамоии ҷаҳонбинӣ ва қавигардонии нерӯи зеҳнии насли наврас, то кадом андоза муҳим ва нодир будани саҳеҳияти ҷавобҳои иштирокчиён ба саволҳо оид ба китобҳои мутолиашуда;
– сатҳи дарки моҳият ва мундариҷаи китоб аз ҷониби иштирокчӣ;
- саҳеҳияти ҷавобҳо ба саволҳои умумӣ дар мавзӯи «Сайре ба олами китоб» (унвони китоб, муаллифи он, мавзӯи асар, қаҳрамонони асосӣ мақсади мутолиаи китоб) ва ғайра;
- саҳеҳияти ҷавобҳо ба саволҳо дар мавзӯӣ «Сайри маънӣ» - шарҳи калимаву ибора ва мафҳумҳо оид ба одобу ахлоқ, ҳуқуқ, зебоипарастӣ, экология,техника, кишваршиносӣ, тиб, Ватан, таъриху фарҳанги он, ҷашнҳои миллӣ, шахсиятҳои намоёни ҷамъиятӣ, сиёсӣ, олимони намоёни Тоҷикистон ва ҷаҳон.
- сатҳи фарҳанги иттилоотии иштирокчии озмун (муайянсозии маҳорату малакаи мутолиаи китоб, кор бо феҳристу картотекаи китобхона, технологияи кампютерӣ, интернет,огаҳӣ аз сомонаҳои машҳури иттилоотӣ) ва ғайра;
- муайян намудани мавҷудияти маҳфили «Китобдӯстон».
Ҳайати ҳакамон ба иштирокчиёни Озмун баҳогузорӣ намуда, ғолибонро ҳакамон дар ҳар жанр (насру назм) муайян мекунанд.
Озмун дар ду давр баргузор мегардад: Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои водии Ҳисору Рашт ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе навбати аввали озмунро аз моҳи феврал то моҳи август дар минтақаи худ созмон дода, 1 – нафарӣ ғолибонро муайян менамоянд.
Ба даври ҷамъбастии озмун аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 1-нафар, вилояти Суғд 1-нафар, вилояти Хатлон аз минтақаи Қӯрғонтеппа 1-нафар, аз минтақаи Кӯлоб 1-нафар, аз водии Ҳисор 1-нафар, аз минтақаи Рашт 1-нафар ва аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе 1-нафар пешниҳод мегарданд.
Даври дуюми Озмун бо иштироки ғолибони даври аввал моҳи сентябри соли 2015 баргузор гардида, дар рӯзи ҷашни «Китоб» 4 – сентябр дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст ва ғолибон муайян мегарданд.
Озмуни тавассути расонаҳои хабарӣ инъикос хоҳад шуд.
Рӯзҳои баргузории давраи аввал аз тарафи кумитаи тадорукот ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо назардошти имконият ва шароити минтақа муайян мегардад. Тартиби баргузории даври дуюмро кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ муайян мекунад.
Навбати аввали озмун дар маҳалҳо бо таъсиси кумитаҳои тадорукот, созмон додани ситодҳои корӣ ва муайян кардани ҳайати ҳакамон аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи фарҳангу маориф, кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, олимону адибон бо салоҳдиди мақомоти маҳаллӣ, идораву шуъбаҳои фарҳангу маориф ва кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва расонаҳои хабарӣ баргузор мегардад.
Ҳайати ҳакамони Озмун дар вилоятҳо бо маслиҳату машварати кумитаи тадорукотӣ бо назардошти истеъдоду қобилияти донишмандону мутахассисони соҳа таъйин карда мешавад.
Ба сатҳи омодагии иштирокчиёни минтақаҳои Ҳисору Рашт ва 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ҳайати ҳакамони Вазорати фарҳанг баҳо медиҳад.
Иштирокчиёни дастаҳои вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ ҳакамони маҳаллӣ баҳо дода, ғолибонро муайян мекунанд.
Баҳри дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани озмун дар назди Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил карда мешавад. Ситоди мазкур фаъолияти кумитаҳои тадорукотӣ, ҳайатҳои корӣ ва эҷодии Озмунро, ки дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо созмон дода шудаанд, ҳамоҳанг сохта, ба онҳо ёрии амалию методӣ мерасонад.

4. Хароҷоти молиявӣ:
Хароҷоти молиявии чорабиниҳои Озмун ба зиммаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар вогузор шудааст.
Хароҷоти баргузории Озмун дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва сафарбарии фаъолону ғолибони Озмун, адибони маҳаллӣ барои иштирок дар ҷамъбасти озмун, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аз ҳисоби маблағҳои шуъбаҳои фарҳангу маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пардохта мешавад.
Дар баргузории озмун, ҳавасмандгардонии созмондиҳандагону иштирокчиёни он ба сифати сарпараст шахсони воқеию ҳуқуқии ватанию хориҷӣ, соҳибкорон ҳиссагузорӣ карда метавонанд.


5. Мукофотҳои Озмун:
Ҷамъбасти Озмун тибқи низомномае, ки аз ҷониби ҳайати эҷодии озмун (дар марказ ва шаҳру ноҳияҳо) таҳия ва тасдиқ гардидаанд, сурат мегирад. Дар Озмун ҷоизаи «Гран-при», ҷойи аввал, ҷойи дуюм ва ҷойи саввум муқаррар карда шудааст.
Аз ҷониби Кумитаи тадорукотӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъоли Озмун, китобдорон, адибону олимон, навқаламон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони васоити ахбори омма, муассисаву таш-килотҳо, шахсони алоҳида бо ҷоизаҳо, мукофотҳои пулӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаи «Гран-при» ба «Хонандаи беҳтарин», «Оилаи китобдӯст» ва «Китобхонаи беҳтарин» дар соли 2015 супорида мешаванд. Теъдоди муайяни ғолибони озмун тибқи пешниҳоди кумитаҳои тадорукот бо Ифтихорнома, нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Диплом» - и озмун сарфароз гардонида мешаванд.

Ташкилкунанда:
Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар.

Сарпарастони расмӣ:
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Дастгирии иттилоотӣ:
ТВ «Баҳористон», ТВ «Шабакаи аввал», ТВ «Сафина», ТВ «Ҷаҳоннамо», ТВ «Пойтахт». Рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Баҳори Аҷам», «Паёми Душанбе», Оила», «Чархи гардун», «Реклама», «Дунёи китоб», «Анбоз». Маҷаллаҳои «Тоҷикистон», «Истиқбол», «Фирӯза», «Душанбе».

 

Мирсаид Миршакар

Мирсаид Миршакар 5-майи соли 1912 дар махаллаи Синдеви нохияи Шугнони ВМКБ чашм ба олами хасти кушодааст. Соли 1993 дар синни 81 солаги вафот кардааст.

Шарикони мо!

© 2012 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумхуриявии ба номи Мирсаид Миршакар  |  Ҳамаи ҳуқуқи муаллиф маҳфуз аст
    Phone: [+ 992 37] 227-47-26  |  E-mail: info@mypage.tj  |  -- Designed by: Dodikhudoev Parviz